Осеби начандони зиёди ҳавопаймои «Сомон Эйр» дар Красноярск

Ҳавопаймои Боинг 737-300-и ширкати «Сомон Эйр» соати 04-00-и субҳ (24-00-и вақти Маскав) дар майдони ҳавоии Емеляновои шаҳри Красноярск фуруд омада, ғайриинтизор қафо меравад ва дар натиҷа яке аз дастгоҳҳояш осеб дидааст, ки бар асари он бозгашти ҳавопаймо ба Душанбе мутаваққиф шудааст. Яке аз кормандони прокуратураи нақлиёти ин минтақа ба РИА Новости хабар додааст, ки мусофирони […]



Ҳавопаймои Боинг 737-300-и ширкати «Сомон Эйр» соати 04-00-и субҳ (24-00-и вақти Маскав) дар майдони ҳавоии Емеляновои шаҳри Красноярск фуруд омада, ғайриинтизор қафо меравад ва дар натиҷа яке аз дастгоҳҳояш осеб дидааст, ки бар асари он бозгашти ҳавопаймо ба Душанбе мутаваққиф шудааст.

Яке аз кормандони прокуратураи нақлиёти ин минтақа ба

РИА Новости

хабар додааст, ки мусофирони хатсайри ҳавоии Краснояркс – Душанбе бинобар сабаби носоз будани таҷҳизоти ҳавопаймо аз Фурудгоҳи байнулмилалии Емелянов парвоз карда наметавонанд.

Ба гуфтаи ӯ, айни замон мусофирон ва ҳайати сарнишинони ҳавопаймо дар фурудгоҳ қарор дошта, аз Душанбе ҳавопаймои эҳтиётӣ сафарбар шудааст, ки қисмҳои эҳтиётии заруриро оварда, сипас ҳавопаймо раҳсипор мешавад.

Бино ба маълумоти

NGS24.ru

аз рӯйи ин далел прокуратураи нақлиёти Енисей масъалаи иҷрои қонунгузорӣ дар бораи бехатарии парвозҳоро мавриди таҳқиқ қарор додааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.