ҲНИТ тибқи рӯйхати ҳизбӣ 28 номзад пешбарӣ мекунад

Дар анҷумани имрӯзаи пешазинтихоботии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон тасмим гирифта шуд, ки ҲНИТтибқи рӯйхати ҳизбӣ 28 нафар номзадҳо ба вакилиро пешбарӣ мекунад. Раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ дар ин робита изҳор намуд, ки номзадҳо тариқи овоздиҳии пӯшида пешбарӣ шуда,  дар ин раъйдиҳӣ 50 нафар аъзои ҳизб иштирок доштаанд. «Аъзои ҳизб ба мо, раис ва муовинон пешниҳод […]

ASIA-Plus



Дар анҷумани имрӯзаи пешазинтихоботии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон тасмим гирифта шуд, ки ҲНИТтибқи рӯйхати ҳизбӣ 28 нафар номзадҳо ба вакилиро пешбарӣ мекунад.

Раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ дар ин робита изҳор намуд, ки номзадҳо тариқи овоздиҳии пӯшида пешбарӣ шуда,  дар ин раъйдиҳӣ 50 нафар аъзои ҳизб иштирок доштаанд.

«Аъзои ҳизб ба мо, раис ва муовинон пешниҳод карданд, ки худамон номзадҳо ба интихоботро муайян созем, вале мо розӣ нашудем. ҲНИТ ҳамеша аз усулҳои демократии пешбарии номзадҳо кор мегирад», – гуфт Кабирӣ.

Ба гуфтаи раиси ҳизб, ҳатто мавқеи номзадҳо аз рӯи шумора дар рӯйхати ҳизбиро ҳам на раҳбарияти ҳизб, балки аъзои он муқаррар карданд.


Рӯйхати пурраи номзадҳо ба вакилӣ аз ҲНИТ:

1. Муҳидин Кабирӣ

2. Сайидиброҳими Назар

3. Сайид Муҳаммадҷон (қорӣ Муҳаммадҷони Нурӣ, писари Сайид Абдуллоҳи Нурӣ)

4. Маҳмадалии Ҳайит

5. Зарафо Раҳмонӣ

6. Сайидумар Ҳусайнӣ

7. Воҳидхон Қосиддин

8. Ҳикматулло Сайфуллозода

9. Абдуқаҳҳори Давлат

10. Аббос Раҷабов

11. Шоҳнаими Карим

12. Қиёмиддини Аваз

13. Қамариддини Афзалӣ

14. Саидова Хайринисо

15. Руқия Нурӣ

16. Ҳоҷиматов Мирзоқул

17. Илҳом Ёқубов

18. Раҳматуллои Раҷаб

19. Абдусамад Ғайратов

20. Шералӣ Саидов

21. Нодира Абдуллоева

22. Саидмаҳмуд Саидов

23. Неъматулло Амонбеков

24. Гулбарг Сайфова

25. Таваккал Бобоев

26. Ойиша Бобоҷонова

27. Усмон Сафиаллоев

28. Шарофат Шарофиддинова 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.