Эмомалӣ Раҳмон президенти Қазоқистонро бо ҷашни истиқлол табрик кард

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба унвони президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев ба муносибати солгарди ҷашни миллии Қазоқистон – Рӯзи истиқлолият барқияи табрикотӣ ирсол намуд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар барқияи сарвари давлати Тоҷикистон таъкид мегардад, ки барои Тоҷикистон муносибатҳо бо Қазоқистон ҳамчун як ҷузъи асосии афзалиятноки сиёсати берунӣ ҳамеша боқӣ мемонанд. «Мо барои […]

ASIA-Plus



Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба унвони президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев ба муносибати солгарди ҷашни миллии Қазоқистон – Рӯзи истиқлолият барқияи табрикотӣ ирсол намуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар барқияи сарвари давлати Тоҷикистон таъкид мегардад, ки барои Тоҷикистон муносибатҳо бо Қазоқистон ҳамчун як ҷузъи асосии афзалиятноки сиёсати берунӣ ҳамеша боқӣ мемонанд.

«Мо барои рушди рӯзафзуни он ҳавасмандем ва омодаем барои дар амал татбиқ намудани иқтидори бузург ҷиҳати ҳамкориҳои мутақобилае, ки кишварҳоямон соҳибанд, тамоми корҳои заруриро анҷом диҳем», – омадааст дар барқия.

Дар барқия Эмомалӣ Раҳмон изҳори умед кардааст, ки тавассути кӯшишҳои муштарак Тоҷикистону Қазоқистон метавонанд он бойигарии бебаҳоеро, ки аз гузаштагон ба мерос гирифтаанд, боз ҳам ғанитар гардонанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.