Раиси вилояти Суғд ба Комроншоҳи Устопириён хонаи дуҳуҷрагӣ тақдим кард

Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ варзишгари номии вилоят Комроншоҳи Устопириён ва мураббии ӯро ба ҳузур пазируфт. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, бо мақсади дастгирӣ ва ҳавасмандии варзишгари умедбахши тоҷик раиси вилоят ба ӯ хонаи дуҳуҷрагӣ аз маркази вилоят шаҳри Хуҷанд тақдим намуд. «Ин охирин туҳфаи гаронарзиш набуда, дар оянда низ дар сурати […]

ASIA-Plus



Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ варзишгари номии вилоят Комроншоҳи Устопириён ва мураббии ӯро ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, бо мақсади дастгирӣ ва ҳавасмандии варзишгари умедбахши тоҷик раиси вилоят ба ӯ хонаи дуҳуҷрагӣ аз маркази вилоят шаҳри Хуҷанд тақдим намуд.

«Ин охирин туҳфаи гаронарзиш набуда, дар оянда низ дар сурати ба даст овардани натиҷаҳои баланди варзишӣ, тақдими тухфаҳои аз ин ҳам қимматнок дар назар аст», – таъкид карда шуд дар вохӯрӣ.

Комроншоҳи Устопириён, ки соли равон ба даҳгонаи беҳтарин варзишгарони соли 2014 дар кишвар шомил шудааст, соли 1993 таваллуд ёфта, аз овони кӯдакӣ дар тарбияи падараш ба варзиши намуди гуштин тамрин мекунад. Соли 2010 ӯ унвони чемпиони ҷаҳонро ба даст оварда, то имруз 7 карат чемпиони ҷаҳон гаштааст. Танҳо давоми соли 2014 дар беш аз 10 мусобиқаҳо иштирок намуда, дар аксари онҳо ғолиб омадаву ҷоиза ба даст овардааст.  Аз ҷумла паҳлавони маъруфи тоҷик, дар мусобиқаи байналмилалии Гран-прии дзюдо, ки рӯзҳои 10-12 октябр дар Остонаи Қазоқистон баргузор шуд, соҳиби медали тилло гардид.

Бояд ёдрас шуд, ки тибқи нақшаи Кумитаи олимпӣ ва бо дастгирии Раиси вилоят  К. Устопириён минбаъд дар чунин мусобиқаҳои байналмилалӣ барои дарёфти шоҳҷоиза иштирок хоҳад кард. Номбурда ҳоло дар байни дзюдочиёни тоҷик, ки барои иштирок дар бозиҳои олимпиадаи соли 2016 талош доранд, бо холҳои бештар дар зинаи аввал қарор дорад.

Дар рафти мулоқот К.Устопириён аз таваҷҷӯҳ ва пуштибонии доимии Раиси вилоят изҳори хушнудӣ намуда, зикр дошт, ки барои гирифтани роҳхат ба бозиҳои олимпии дар пеш истода ҷаҳду талош хоҳад варзид. Бояд қайд кард, ки холи аз ҳама пасттарини иштирок дар бозиҳои олмипӣ аз 480 то 600 аст ва айни замон К. Устопириён 340 холи устувор ба даст овардааст. Соли 2015 бошад, ӯ дар якчанд мусобиқаҳои байналхалқӣ иштирок намуда, баҳри боз ҳам бештар ба даст овардани холҳои олимпӣ талош меварзад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Трамп гуфт, дастури муҳосираи гулӯгоҳи Ҳурмузро додааст. Эрон мегӯяд, ба ҳар таҳдид посух медиҳад

Пас аз бенатиҷа поён ёфтани музокироти Исломобод, нархи нафт дуборо гарон шуд

Ду нишони биринҷии куштигирони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё-2026

Дар мусобиқот дар шаҳри Бишкек ҳудуди 350 куштигир ширкат варзиданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 65

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Таъсири низоъ дар Ховари Миёна ба иқтисоди кишварҳои Осиёи Марказӣ. Пешгӯии Бонки ҷаҳонӣ

Коршиносон бар ин назаранд, ки рушди иқтисодӣ дар минтақа то 4,9% поин меравад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Ғуломризо Баҳор то даргузашти Бобо Ҳоҷӣ ва Домулло Ҳикматуллоҳи Тоҷикободӣ

Иқтисоди Тоҷикистон дар соли равон аз кадом ҳисоб рушд мекунад?

Сарфи назар аз пешгӯиҳои мусбат, шарикони рушд интизорӣ доранд, ки иқтисоди Тоҷикистон бо як қатор хавфу чолишҳо дучор мешавад.