Варзишгарони тоҷик президентро сармурабии олии худ эълон карданд

Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди ҳукумати Тоҷикистон, Кумитаи миллии олимпии ҷумҳурӣ, Иттифоқи ҷавонон ва Федератсияҳои варзишии Тоҷикистон имрӯз ба унвони президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон муроҷиатнома интишор карданд. Дар муроҷиатнома ба сарвари давлат арзи сипос изҳор гардида, қайд мешавад, ки «мо, варзишгарони кишвар ба тасвиб расидани фармон“Дар бораи Ҷоизаи Президенти ҶТ ба ғолибон ва ҷоизадорони […]

ASIA-Plus



Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди ҳукумати Тоҷикистон, Кумитаи миллии олимпии ҷумҳурӣ, Иттифоқи ҷавонон ва Федератсияҳои варзишии Тоҷикистон имрӯз ба унвони президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон муроҷиатнома интишор карданд.

Дар муроҷиатнома ба сарвари давлат арзи сипос изҳор гардида, қайд мешавад, ки «мо, варзишгарони кишвар ба тасвиб расидани фармон“Дар бораи Ҷоизаи Президенти ҶТ ба ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ»-ро шунида, нињоят шод гардидем ва ин хушхабар варзишгарон ва ҷавононро беҳад рӯҳбаланд намуд».

«Мулоқоти Шумо бо варзишгарони мамлакат, ки 20-уми декабри соли 2010 баргузор гардид, ба рушди соҳаи варзиш такони ҷиддӣ бахшид. Баъди ин вохӯрӣ ҳазорҳо иншоот дар соҳаи варзиш бунёд гардида, дар онҳо шароити зарурии машқу варзиш фароҳам оварда шуданд. Дар ин радиф варзишгарони мамлакат дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ иштирок намуда, ба ҷойҳои сазовор ноил гардиданд», – баён мегардад дар муроҷиатнома.

Зимнан зикр мегардад, ки бо иштироки сарвари давлат танҳо дар соли 2014 теъдоди зиёди иншооти варзишӣ, аз ҷумла корти нави теннис дар шаҳри Душанбе, толори калони майдони олимпии Маркази солимгардонии «Шоҳин» дар шаҳри Қайроққум мавриди истифода қарор гирифта, санги асос барои бунёди варзишгоҳи дорои 25 ҳазор ҷойи нишаст дар шаҳри Ваҳдат гузошта шуд ва ҳамчунин эълон гардидани Соли оммавияти футбол низ дили миллионҳо наврасону ҷавононро ба ин навъи варзиш гарм намуда, ба рушди он дар мамлакат заминаи мусоид фароҳам овард.

Қайд мешавад, ки таъсиси Ҷоизаи нав, ки аз ҳисоби Фонди захиравии Президенти ҶТ маблағгузорӣ мешавад, бори дигар аз олиҳимматӣ ва ғамхории падаронаи сарвари давлат оид ба варзишгарон ва соҳаи варзиш дарак дода, ин иқдом масъулияти варзишгаронро дучанд афзун  ва онҳоро водор месозад, ки дар мусобиқаҳои ҷаҳонӣ Парчами Тоҷикистони азизро боз ҳам баландтар бардоранд.

«Мо, варзишгарони тоҷик ва наврасону ҷавонон зери сиёсати хирадмандонаи Роҳбари муаззами худ марзу буми Ватани маҳбубамонро  муқаддас мешуморем ва онро сидқан дӯст медорем, сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлатро дастгирӣ намуда, ҳамчун ҳомии варзиш ва ташаббускори тарзи ҳаёти солим Шуморо Сармураббии Олии худ эълон медорем», – таъкид мегардад дар муроҷиатнома.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.