КМИР: Ба нашри баргаҳои овоздиҳӣ барои нобиноён имкон надорем

– Иҷрои дархости ҷамъияти нобиноёни Тоҷикистон оид ба нашри варақаҳои овоздиҳии махсус барои нобиноён бо шрифти Брайл ҷиҳати овоздиҳӣ дар интихоботи парлумонӣ айни замон ғайриимкон аст, – иттилоъ дод роҳбари дастгоҳи КМИР Тоҷикистон Абдуманнон Додозода. Ба гуфтаи ӯ, шумори интихобкунандагони нобино дар кишвар хеле камшумор буда, онҳо дар минтақаҳои гуногун зиндагӣ мекунанд ва нашри 10-12 […]

Аваз Юлдошев



– Иҷрои дархости ҷамъияти нобиноёни Тоҷикистон оид ба нашри варақаҳои овоздиҳии махсус барои нобиноён бо шрифти Брайл ҷиҳати овоздиҳӣ дар интихоботи парлумонӣ айни замон ғайриимкон аст, – иттилоъ дод роҳбари дастгоҳи КМИР Тоҷикистон Абдуманнон Додозода.

Ба гуфтаи ӯ, шумори интихобкунандагони нобино дар кишвар хеле камшумор буда, онҳо дар минтақаҳои гуногун зиндагӣ мекунанд ва нашри 10-12 нусха чунин варақаҳои овозодиҳӣ барои чанде аз ҳавзахои овоздиҳӣ имконнопазир аст.

«КМИР ба ҳавзахои интихоботӣ тавсия дод, ки умуман ба маъюбон, аз ҷумла нобиноён зимни овоздиҳӣ ҳамаҷониба кумак расонида шавад ва ғайр аз ин, дар қонунгузории кишвар пешбинӣ шудааст, ки шахсони имконияташон маҳдуд зимни раъйдиҳӣ метавонанд аз хизмати афроди бидуни манфиат, ба ҷуз аъзои комиссияҳои интихоботӣ истифода кунанд», – иброз дошт номбурда.

Зимнан зикр гардид, ки ҳамчунин дар маҳалҳо маъюбон бо ҳуқуқи раъйдиҳӣ дар қуттиҳои сайёри овоздиҳӣ таъмин карда мешаванд.

Дар ҳамин ҳол, тибқи маълумоти ҷамъияти нобиноёни Тоҷикистон, айни замон шумори аъзои ин ҷамъият беш аз 9 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Тибқи маълумоти ғайрирасмӣ бошад, шумори нобиноён дар Тоҷикисон қариб ба 15 ҳазор нафар мерасад, зеро аксари онҳо расман ба қайд гирифта нашудаанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.