Густариши ҳамкориҳои Тоҷикистон бо EUROCHAMBRES

Дар шаҳри Брюссел вохӯрии намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иттиҳоди Аврупо, сафир Рустамҷон Солиев бо Дабири кулли Иттиҳодияи палатаҳои аврупоии савдо ва саноат “EUROCHAMBRES” Арналдо Абрудзини баргузор гардид.   Бино ба маълумоти департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, зимни сӯҳбат масоили ба роҳ мондани ҳамкории дуҷониба бо Иттиҳодияи “EUROCHAMBRES” ва рушди робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ байни […]

ASIA-Plus



Дар шаҳри Брюссел вохӯрии намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иттиҳоди Аврупо, сафир Рустамҷон Солиев бо Дабири кулли Иттиҳодияи палатаҳои аврупоии савдо ва саноат “EUROCHAMBRES” Арналдо Абрудзини баргузор гардид.

 

Бино ба маълумоти департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, зимни сӯҳбат масоили ба роҳ мондани ҳамкории дуҷониба бо Иттиҳодияи “EUROCHAMBRES” ва рушди робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ байни Тоҷикистон ва кишварҳои Иттиҳоди Аврупо муҳокима шуданд.

Сафири Тоҷикистон ба мусоҳибон оид ба вазъи сиёсӣ ва иҷтимоию иқтисодии кишвар, чораҳои Ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати беҳсозии фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ, инчунин соҳаҳои авлавиятноки иқтисодиёти миллии мавриди ҳавасмандии сармоягузорон ва доираҳои соҳибкории хориҷӣ маълумоти муфассал дод.

Ба намояндаи баландпояи Иттиҳодияи “EUROCHAMBRES” ҳамчунин маводҳои иттилоотӣ оид ба имконоти сармоягузории Тоҷикистон супорида шуданд. А.Абрудзини омодагию ҳавасмандии махсуси худро оид ба роҳ мондани ҳамкорӣ бо Тоҷикистон иброз доштанд.

Боиси зикр аст, ки Иттиҳодияи “EUROCHAMBRES” соли 1958 ба сифати намояндаи доираи соҳибкорӣ дар сатҳи Иттиҳоди Аврупо таъсис ёфтааст. Иттиҳодияи мазкур беш аз 20 миллион корхонаҳои бузург ва хурду миёна дар Аврупо тавассути аъзогии 45 иттиҳодияи миллӣ ва шабакаи аврупоии 1700 палатаи минтақавию маҳаллиро дар бар мегирад. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.