Эмомалӣ Раҳмон роҳбари БРСММ-ро ба ҳузур пазируфт

Субҳи имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин Муовини Дабири Кулл/Мудири Барномаи рушди СММ (БРСММ)  Ҳелен Кларкро ба ҳузур пазируфт. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар мулоқот масоили вобаста ба ҳамкории пурсамари Тоҷикистон бо ин ниҳоди басо муҳими Созмони Милали Муттаҳид  баррасӣ шуд. Эмомалӣ Раҳмон пеш аз ҳама аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон […]

ASIA-Plus



Субҳи имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин Муовини Дабири Кулл/Мудири Барномаи рушди СММ (БРСММ)  Ҳелен Кларкро ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар мулоқот масоили вобаста ба ҳамкории пурсамари Тоҷикистон бо ин ниҳоди басо муҳими Созмони Милали Муттаҳид  баррасӣ шуд.

Эмомалӣ Раҳмон пеш аз ҳама аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Барномаи рушди Созмони Миллали Муттаҳид ва дафтари он дар Тоҷикистон барои татбиқи лоиҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва башардӯстона дар кишвари мо самимона арзи сипос намуд.

Хонум Ҳелен Кларк Тоҷикистонро яке аз кишварҳои пешсаф ва ташаббускор дар ҳамгироӣ бо Созмони Милали Муттаҳид барои татбиқи босамари Ҳадафҳои рушди ҳазорсола, пеш аз ҳама дар масоили дастрасӣ ба оби тоза, нерӯи барқ ва ҳам барои таъмини рушди устувор номида, ба роҳбарияти кишвари мо барои ибтикорҳои созанда арзи қадрдонӣ намуд.

Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки “Тоҷикистон аз пуштибоҳои ташаббуси Дабири кулли Созмони Милал оид ба «Энергияи устувор барои ҳама» мебошад” ва аз он, ки Тоҷикистон яке аз панҷ кишвари пилотӣ дар татбиқи ин ҳадаф интихоб шудааст, изҳори қаноат намуд. Ҳамчунин пуштибонии Тоҷикистон аз қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ оид ба эълон намудани солҳои 2014-2024 ҳамчун даҳсолаи “Энергияи устувор барои ҳама” бори дигар таъйид гардид.

Ҳарду ҷониб ба татбиқи Нақшаи амалиёти кишварии Барномаи рушди СММ барои солҳои 2010-2015 баҳои баланд дода, изҳори бовар намуданд, ки ин нақша барои панҷсолаи нави 2016-2020 ҳам қабул ва босамар татбиқ мегардад.

Гуфтугӯйи судманд ҳамчунин доир ба мавзӯъҳои конфронси байналмилалии сатҳи баланд роҷеъ ба натиҷаҳои татбиқи даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт» барои солҳои 2005-2015, ки пагоҳ дар шаҳри Душанбе ба кори худ оғоз менамояд, сурат гирифт.

Хотиррасон бояд намуд, ки дар ин конфронс беш аз 1500 нафар аз зиёда аз 100 кишвари ҷаҳон ва даҳҳо созмонҳои байналмилалию минтақавӣ иштирок мекунанд. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.