Машваратҳои сиёсии Душанбеву Тошканд рӯзҳои наздик баргузор мешаванд

Машваратҳои сиёсӣ миёни Вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Ӯзбекистон, ки нахустин вохӯрии чунин сатҳ дар байни намояндагони кишварҳо аст, рӯзҳои 24-25 декабр дар пойтахти Тоҷикистон баргузор мешаванд. Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ дар ин робита иттилоъ дод, ҳайати ҷонибҳоро дар ин чорабинӣ муовинони вазирони корҳои хориҷи кишварҳо Парвиз Давлатзода (Тоҷикистон) ва Саидикром Ниёзхоҷаев […]

Аваз Юлдошев



Машваратҳои сиёсӣ миёни Вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Ӯзбекистон, ки нахустин вохӯрии чунин сатҳ дар байни намояндагони кишварҳо аст, рӯзҳои 24-25 декабр дар пойтахти Тоҷикистон баргузор мешаванд.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ дар ин робита иттилоъ дод, ҳайати ҷонибҳоро дар ин чорабинӣ муовинони вазирони корҳои хориҷи кишварҳо Парвиз Давлатзода (Тоҷикистон) ва Саидикром Ниёзхоҷаев (Ӯзбекистон) роҳбарӣ мекунанд.

Дар машваратҳо баррасии масоили муҳиму рӯзмарраи мавриди таваҷҷуҳи тарафайн, аз ҷумла масоили рушди муносибатҳо миёни Душанбе ва Тошканд дар бахшҳои иқтисоду тиҷорат ва нақлиёту коммуникатсия дар назар буда, миёни ҷонибҳо ҳамчунин атрофи мушкилоти глобалии минтақаи Осиёи Марказӣ, ИДМ, вазъ дар Шарқи Наздик ва Афғонистон табодули назар сурат мегирад.

Муносибатҳои дипломатӣ миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон 22 октябри соли1992 роҳандозӣ шуданд. Санадҳои асосии танзимкунандаи самтҳои асосии муносибатҳо миёни кишварҳо Шартномаи баимзорасида дар Тошканд 4 январи соли 1993 дар бораи дӯстӣ, ҳамҷаворӣ ва ҳамкорӣ ва Созишнома дар бораи дӯстии абадӣ миёни давлатҳо аз 15 июни соли 2000 мебошанд.

Ёдрас мекунем, ки қаблан машваратҳои сиёсӣ миёни Вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Ӯзбекистон, ки рӯзҳои 17-18 декабр пешбинӣ шуда буданд, бо розигии тарафҳо мавқуф гузошта шуда буд. Сабаби ба таъхир афтодани машваратҳо бештар дақиқу саҳеҳтар омода кардани рӯзномаи вохӯрии муовинони вазирони корҳои хориҷии кишварҳо унвон гардида буд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.