Такмили ихтисоси мансабдорони ҷавони тоҷик дар Қазоқистон

Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади такмили ихтисос 5 нафар кадрҳои ҷавони хизматчии давлатӣ ба шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон сафарбар карда шуданд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди ҳукумати ҶТ, дар ин семинаре, ки аз 20 то 25 декабри соли равон идома меёбад кадрҳои ҷавон аз Дастгоҳи иҷроияи […]

ASIA-Plus



Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади такмили ихтисос 5 нафар кадрҳои ҷавони хизматчии давлатӣ ба шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон сафарбар карда шуданд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди ҳукумати ҶТ, дар ин семинаре, ки аз 20 то 25 декабри соли равон идома меёбад кадрҳои ҷавон аз Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок хоҳанд кард.

Мутахассисон аз рӯи мавзӯи “Принсипҳои фаъолияти иттилоотии мақомоти давлатӣ” дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон давоми панҷ рӯз омӯзонида мешаванд.

Лозим ба ёдоварист, ки ҳамасола барои омӯзиши таҷрибаи кишварҳои пешрафта ва баланд бардоштани самаранокии фаъолияти хизматчиени давлатӣ курсҳои такмили ихтисос ташкил карда мешаванд.

Интизор меравад, ки дар курси такмили ихтисос хизматчиени давлатӣ оид ба фаьолияти иттилоотии мақомоти давлатӣ, принсипҳои он, фаьолияти самараноки сомонаҳои мақомотӣ давлатӣ, истифодаи техника ва технологияи иттилоотӣ ва таҳияи варақаҳои матбуотии мақомоти давлатӣ таҷрибаи заруриро аз худ намоянд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.