Эълони рӯйхати варзишгароне, ки бо мукофотпулии президент қадрдонӣ мешаванд

Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди ҳукумати Тоҷикистон рӯйхати варзишгаронеро, ки бо мукофтпулӣ аз фонди захиравии президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон қадрдонӣ мешаванд, интишор кард. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Кумита, ба ин рӯйхат гурзандоз Дилшод Назаров, муштзанон (боксчиён) Мавзуна Чориева, Шоира Зулқарнаева, Ҷаҳон Қурбонов, Аҳмадҷон Саидов, дзюдочиён Хуршед Маҷидов, Фаррухи Салим, Муҳаммадраҳим Сарахонов, тирандоз Малика […]



Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди ҳукумати Тоҷикистон рӯйхати варзишгаронеро, ки бо мукофтпулӣ аз фонди захиравии президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон қадрдонӣ мешаванд, интишор кард.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Кумита, ба ин рӯйхат гурзандоз Дилшод Назаров, муштзанон (боксчиён) Мавзуна Чориева, Шоира Зулқарнаева, Ҷаҳон Қурбонов, Аҳмадҷон Саидов, дзюдочиён Хуршед Маҷидов, Фаррухи Салим, Муҳаммадраҳим Сарахонов, тирандоз Малика Лагутенко, қаиқрон Шаҳриёр Даминов, таэквондочиён (ITF) Сабина Тюраева, Далер Тюраев, Баҳромҷон Гадоев, Масрур Сатторов, Алишер Аҳмедов, Муҳаммадҷон Наимов, Зиёратшоҳ Шамолов, Беҳрӯз Набиев, Садриддин Яқубов, самбочиён Набимуҳаммад Хоркашев ва Акмалиддин Каримов шомил шудаанд.

Ёдрас мекунем, ки барои ҳавасмандгардонии варзишгарон ва муаррифии ғолибону ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалӣ аз риштаҳои гуногуни варзиш

Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расида

,  тибқи амри мазкур 21 нафар варзишгари беҳтарини мамлакат, ки ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ мебошанд, бо Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонда шуданд.

Маблағи умумии ҷоизаҳо дар соли равон, ки аз ҳисоби Фонди махсуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷудо гардидааст, 673 ҳазору 750 сомониро ташкил медиҳад. Ҳаҷми як ҷоиза ба ҳар як варзишгар аз 6250 то 150000 сомонӣ аст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Ҳама паси ободӣ ва зиндагии худ ҳастанд”. Тасвири вазъи Эрон аз забони мусофирони аввалин парвози Теҳрон – Душанбе пас аз ҷанг

Бо сабаби мушкили дастрасӣ ба интернет ва тамос бо хориҷа, шароиту рӯзгори воқеии эрониён барои расонаҳо норӯшан буд.

Гардиши савдо байни Тоҷикистону Ӯзбекистон беш аз 50% зиёд шудааст

Кишвари ҳамсоя аз мо чӣ мехарад ва мо аз онҳо чӣ мегирем?

Донишҷӯёни тоҷик санъати хаттотӣ ва наққошӣ дар рӯи обро омӯхтанд

Дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн барномаи омӯзишии ТИКА ба анҷом расид.

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.