Дастури раиси пойтахт ҷиҳати омодагӣ ба бозгашти оммавии муҳоҷирон

Зимни суханронӣ дар иҷлосияи чоруми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе рӯзи 24 декабр раиси пойтахт Маҳмадсаид Убайдуллоев хотиррасон намуд, ки тибқи пешгӯиҳо, дар робита ба буҳрони иқтисодӣ дар кишварҳои хориҷӣ, бозгашти оммавии муҳоҷирони кории тоҷик аз ин давлатҳо дар назар аст. Тавре аз мақомоти шаҳрдории Душанбе ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, раиси пойтахт […]



Зимни суханронӣ дар иҷлосияи чоруми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе рӯзи 24 декабр раиси пойтахт Маҳмадсаид Убайдуллоев хотиррасон намуд, ки тибқи пешгӯиҳо, дар робита ба буҳрони иқтисодӣ дар кишварҳои хориҷӣ, бозгашти оммавии муҳоҷирони кории тоҷик аз ин давлатҳо дар назар аст.

Тавре аз мақомоти шаҳрдории Душанбе ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, раиси пойтахт ба Раёсати Агентии меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии шаҳр дастур додааст, ки дар ҳамдастӣ бо сохторҳои дахлдори дигар оид ба таъсиси ҳарчӣ бештар ҷойҳои нави корӣ тадбирҳои таъҷиливу муассир андешанд.

Маҳмадсаид Убайдуллоев ҳамчунин супориш додааст, ки мутобиқи талаботи бозори кор фаъолияти биржаҳои меҳнат бозбинӣ ва аз нав ташкил карда шавад.

Зикр гардид, ки тӯли 11 моҳи соли ҷорӣ аз ҳисоби буҷети шаҳр ба 704 нафар бекорони расмӣ ба сифати кумак 466 ҳазор сомонӣ маблағ пардохт шудааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Ҳама паси ободӣ ва зиндагии худ ҳастанд”. Тасвири вазъи Эрон аз забони мусофирони аввалин парвози Теҳрон – Душанбе пас аз ҷанг

Бо сабаби мушкили дастрасӣ ба интернет ва тамос бо хориҷа, шароиту рӯзгори воқеии эрониён барои расонаҳо норӯшан буд.

Гардиши савдо байни Тоҷикистону Ӯзбекистон беш аз 50% зиёд шудааст

Кишвари ҳамсоя аз мо чӣ мехарад ва мо аз онҳо чӣ мегирем?

Донишҷӯёни тоҷик санъати хаттотӣ ва наққошӣ дар рӯи обро омӯхтанд

Дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн барномаи омӯзишии ТИКА ба анҷом расид.

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.