Ҳудуди 160 ҳазор метри мураббаъ манзил дар пойтахт

Дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта тӯли 11 моҳи соли равон дар шаҳри Душанбе тақрибан 63% зиёдтар манзил мавриди истифода қарор гирифтааст. Дар иҷлосияи Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе раиси пойтахт Маҳмадсаид Убайдулоев дар ин робита иттилоъ дод, ки давоми моҳҳои январ-ноябри соли 2015 дар пойтахт ҳудуди 160 ҳазор метри мураббаъ манзили зист ба […]



Дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта тӯли 11 моҳи соли равон дар шаҳри Душанбе тақрибан 63% зиёдтар манзил мавриди истифода қарор гирифтааст.

Дар иҷлосияи Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе раиси пойтахт Маҳмадсаид Убайдулоев дар ин робита иттилоъ дод, ки давоми моҳҳои январ-ноябри соли 2015 дар пойтахт ҳудуди 160 ҳазор метри мураббаъ манзили зист ба истифода дода шудааст.

Бино ба гуфтаи ӯ, аз майдони умумии манзилҳои мавриди истифода қароргирифта дар пойтахт ҳудуди 54 ҳазор метри мураббаъ ё 33 фоизаш аз ҷониби – соҳибкорони инфиродӣ, беш аз 53 ҳазор метри мураббаъ ё 33,5 фоизаш – ҷамъиятҳои дорои масъулияти маҳдуд, наздики 20 ҳазор метри мураббаъ ё 12,5 фоизаш – ҷамъиятҳои саҳҳомӣ, 13,8 ҳазор метри мураббаъ ё 8,7 фоизаш – аз ҳисоби сармоягузории хориҷӣ, 11,4 ҳазор метри мураббаъ ё 7,1 фоизаш – аз ҳисоби воситаҳои аҳолӣ ва каме бештар аз 7 ҳазор метри мураббаъ ё 4,4 фоизаш – аз ҳисоби воситаҳои давлатӣ сохта шудаанд.

Раиси пойтахт таъкид дошт, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта тӯли 9 моҳи соли ҷорӣ дар пойтахт қариб 70 ҳазор метри мураббаъ зиёдтар манзили зист ба истифода дода шудааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Ҳама паси ободӣ ва зиндагии худ ҳастанд”. Тасвири вазъи Эрон аз забони мусофирони аввалин парвози Теҳрон – Душанбе пас аз ҷанг

Бо сабаби мушкили дастрасӣ ба интернет ва тамос бо хориҷа, шароиту рӯзгори воқеии эрониён барои расонаҳо норӯшан буд.

Гардиши савдо байни Тоҷикистону Ӯзбекистон беш аз 50% зиёд шудааст

Кишвари ҳамсоя аз мо чӣ мехарад ва мо аз онҳо чӣ мегирем?

Донишҷӯёни тоҷик санъати хаттотӣ ва наққошӣ дар рӯи обро омӯхтанд

Дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн барномаи омӯзишии ТИКА ба анҷом расид.

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.