Навори афтодани гимнастдухтар дар сирки Душанбе

Ҳунарманд аз зери гумбаз бар асари аз ҷониби ҳамроҳаш нигоҳ дошта натавонистан ба поин афтидааст. Хабаргузории LifeNews навори видеоие гузоштааст, ки дар он афтодани гимнастдухтари сирк ҳангоми иҷрои ҳунарнамоиаш намоиш дода мешавад. Аз навор бармеояд, ки духтарро ҳамроҳаш нигоҳ дошта натавонистааст – онҳо ҳамроҳ баромад мекарданд. Пас аз ин ҳодиса ӯро ба бемористон бурда, аз […]

LifeNews



Ҳунарманд аз зери гумбаз бар асари аз ҷониби ҳамроҳаш нигоҳ дошта натавонистан ба поин афтидааст.

Хабаргузории LifeNews навори видеоие гузоштааст, ки дар он афтодани гимнастдухтари сирк ҳангоми иҷрои ҳунарнамоиаш намоиш дода мешавад. Аз навор бармеояд, ки духтарро ҳамроҳаш нигоҳ дошта натавонистааст – онҳо ҳамроҳ баромад мекарданд.

Пас аз ин ҳодиса ӯро ба бемористон бурда, аз рентген гузаронидаанд. Хушбахтона ҳунарманд каме озору лат бардошта, дар хонааш қарор дорад.

Дар ин рӯз дар сирк гурӯҳҳо аз Украина ва Тоҷикистон муштарак ҳунарнамоӣ мекардаанд. Ҳунарманди осебдида зодаи Тоҷикистон буда, ба гурӯҳи доимӣ шомил будааст. 

https://www.youtube.com/watch?v=iScGiMiSf74

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.