Ҳалокати як тоҷикистонӣ дар чоҳи лифти Маскав

Ду коргар аз Тоҷикистон ба чоҳи лифти яке аз сохтмони манзилҳои шаҳри Маскав афтодаанд. Дар ин бора «REGNUM»   бо истинод ба Сарраёсати тафтишоти Кумитаи тафтишоти Русия дар шаҳри Маскав хабар медиҳад. Гуфта мешавад, ин ҳодисаи фоҷеабор субҳи рӯзи сешанбе, 26 январ дар сохтмони манзил бо суроғаи кӯчаи Ижорская рух  дода, ду нафар шаҳрвандони ҷавони […]



Ду коргар аз Тоҷикистон ба чоҳи лифти яке аз сохтмони манзилҳои шаҳри Маскав афтодаанд. Дар ин бора


«REGNUM»


  бо истинод ба Сарраёсати тафтишоти Кумитаи тафтишоти Русия дар шаҳри Маскав хабар медиҳад.

Гуфта мешавад, ин ҳодисаи фоҷеабор субҳи рӯзи сешанбе, 26 январ дар сохтмони манзил бо суроғаи кӯчаи Ижорская рух  дода, ду нафар шаҳрвандони ҷавони Тоҷикистон аз баландии ошёнаи ҳафтум ба чоҳи лифт сарозер рафтаанд.

Бино ба маълумоти

«Интерфакс»

, яке аз онҳо, ки ҳамагӣ 20 сол доштааст, аз ҷароҳатҳои бардошта дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, дигарӣ дар шуъбаи эҳёгарии бемористон бистарӣ шудааст.

Дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар ин робита зикр кардаанд, ки тибқи маълумоти пешакӣ, дағалона вайрон кардани қоидаҳои бехатарӣ ва ба беэҳтиётӣ роҳ додани коргарон ба ин ҳодиса сабаб шудааст.


«Федерал Пресс»

 хотиррасон мекунад, ки моҳи январ дар чоҳи лифт дар маҷмааи манзилҳои «Алые паруса» як зан ҳалок ва парвандаи ҷиноӣ боз шуда, электромеханики масъул ба хизматрасонии техникии лифт боздошт шуда буд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Ҳама паси ободӣ ва зиндагии худ ҳастанд”. Тасвири вазъи Эрон аз забони мусофирони аввалин парвози Теҳрон – Душанбе пас аз ҷанг

Бо сабаби мушкили дастрасӣ ба интернет ва тамос бо хориҷа, шароиту рӯзгори воқеии эрониён барои расонаҳо норӯшан буд.

Гардиши савдо байни Тоҷикистону Ӯзбекистон беш аз 50% зиёд шудааст

Кишвари ҳамсоя аз мо чӣ мехарад ва мо аз онҳо чӣ мегирем?

Донишҷӯёни тоҷик санъати хаттотӣ ва наққошӣ дар рӯи обро омӯхтанд

Дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн барномаи омӯзишии ТИКА ба анҷом расид.

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.