БМТ рӯйхати афроди машғул ба ҳаннотӣ дар бозори асъорро таҳия кард

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) рӯйхати шахсонеро, ки дар бозои асъор ба ҳанотӣ машғуланд, таҳия намуд. Нисбати онҳо чораҳои дахлдор андешида мешаванд. «Мо аз шумори онҳо ва макони зисташон огаҳӣ дорем», – гуфт зимни нишасти хабарии рӯзи 26 январ раиси БМТ Ҷамшед Нурмаҳмадзода ва қайд кард, ки аллакай рӯйхати ҳаннотон тартиб дода шуда, ояндаи наздик ҷиҳати […]



Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) рӯйхати шахсонеро, ки дар бозои асъор ба ҳанотӣ машғуланд, таҳия намуд. Нисбати онҳо чораҳои дахлдор андешида мешаванд.

«Мо аз шумори онҳо ва макони зисташон огаҳӣ дорем», – гуфт зимни нишасти хабарии рӯзи 26 январ раиси БМТ Ҷамшед Нурмаҳмадзода ва қайд кард, ки аллакай рӯйхати ҳаннотон тартиб дода шуда, ояндаи наздик ҷиҳати чораҷӯӣ ба мақомоти дахлдор пешниҳод мегардад.

Ҷамшед Нурмаҳмадзода хотиррасон намуд, ки ахири соли гузашта бо қарори Бонки миллӣ ҳамаи нуқтаҳои мубодилаи асъор баста шуда, пас аз ин собиқ афроди машғул ба мубодилаи асъори хориҷӣ ба анҷом додани муомилоти ғайриқонунӣ бо асъор даст заданд.»Ҳаҷми умумии ҷаримаҳо барои анҷом додани муомилоти ғайриқонунӣ бо асъор дар соли гузашта беш аз 3 млн. сомониро ташкил дод», – иброз дошт ӯ.

Зимнан зикр гардид, ки асосан ташкилотҳои қарзие, ки нуқтаҳои мубодилаи асъор ба онҳо тааллуқ доштанд ва ҳамчунин саррофони ҷудогона ҷаримабандӣ шуданд.

Қобили зикр аст, ки Бонки миллии Тоҷикистон масъулият барои содир намудани муомилоти ғайриқонунӣ бо асъори хориҷиро

сангинтар карданист.

Мутахассисони Бонки миллӣ ҳамроҳ бо намояндагони дигар сохторҳои давлатӣ айни замон ба таҳияи тағйироту иловаҳои дахлдор машғуланд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Ҳама паси ободӣ ва зиндагии худ ҳастанд”. Тасвири вазъи Эрон аз забони мусофирони аввалин парвози Теҳрон – Душанбе пас аз ҷанг

Бо сабаби мушкили дастрасӣ ба интернет ва тамос бо хориҷа, шароиту рӯзгори воқеии эрониён барои расонаҳо норӯшан буд.

Гардиши савдо байни Тоҷикистону Ӯзбекистон беш аз 50% зиёд шудааст

Кишвари ҳамсоя аз мо чӣ мехарад ва мо аз онҳо чӣ мегирем?

Донишҷӯёни тоҷик санъати хаттотӣ ва наққошӣ дар рӯи обро омӯхтанд

Дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн барномаи омӯзишии ТИКА ба анҷом расид.

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.