Шиносоии ниҳодҳои марбутаи Тоҷикистон бо механизми миллии бозравонӣ

Намояндагони ниҳодҳои марбутаи давлатии Тоҷикистон бо Механизми миллии бозравонӣ (ММБ) шинос шуда, дониши худро дар самти ироаи ёрии равонии ҷтимоӣ ба қурбониёни савдои одамон тақвият медиҳанд. Тавре аз дафтари Созмони байналмилалии муҳоҷират дар ҶТ хабар доданд, давраи омӯзишии дурӯза дар ин мавзӯъ, ки дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи «Чораҳои вокуниш ба ҷиноятҳои марбут ба савдои одамон бо […]

Иттилоияи расмӣ



Намояндагони ниҳодҳои марбутаи давлатии Тоҷикистон бо Механизми миллии бозравонӣ (ММБ) шинос шуда, дониши худро дар самти ироаи ёрии равонии ҷтимоӣ ба қурбониёни савдои одамон тақвият медиҳанд.

Тавре аз дафтари Созмони байналмилалии муҳоҷират дар ҶТ хабар доданд, давраи омӯзишии дурӯза дар ин мавзӯъ, ки дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи «Чораҳои вокуниш ба ҷиноятҳои марбут ба савдои одамон бо назардошти манфиати қурбониёни савдои одамон» аз ҷониби Созмони Байналмилалии Муҳоҷират (СБМ) дар ҳамкорӣ бо Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ баргузор шудааст, имрӯз, 10-уми март, дар шаҳри Хуҷанд оғоз шуд. Лоиаҳи мазкур аз ҷониби Департаменти давлатии ИМА доир ба назорат ва мубориза бо савдои одамон пуштибонии молӣ мешавад (J/TIP).

Иштирокдорони давраи омӯзишӣ бо сохтор ва фаъолияти Механизми миллии бозравонӣ (ММБ) ва чораҳое, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Созмони Байналмилалии Муҳоҷират (СБМ) ҷиҳати ҷилавгирӣ аз савдои одамон ва ёрӣ ба қурбониёни ин ҷиноят рӯидаст гирифтаанд, шинос мешаванд. Механизми бозравонии қурбониёни савдои одамон аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷистон бо ҳадафи расонидани ёрӣ ва реинтегратсияи қурбониёни савдои одамон ба ҷомеа таҳия гардидааст. Ин санад, ки бо мусоидати СБМ омода шуда, айни ҳол дар марҳилаи ниҳоии мувофиқа ва тасдиқ мебошад, ҳамкории мақомоти ваколатдор ва созмонҳои ғайридавлатию байналмилалӣ ва нақшу вазифаҳои ҳар як ҷониби манфиатдорро муайян менамояд.

Ширкатдорони давраи омӯзишӣ, ҳамчунин, бо василаҳои равониҷтимоии муайян намудани ниёзҳои равонӣ ва равониҷтимоии қурбониёни савдои одамон шинос шуда, роҳҳои расонидани ёрии равониҷтимоӣ ба онҳо ва аҳли хонадони онҳоро баррасӣ мекунанд. Коршиносон таъкид мекунанд, ки мушкилоти равониву равониҷтимоии қурбониёни савдои одамон пас аз истисмори онҳо низ боқӣ мемонад ва ин афрод, ҳамчунин, аҳли хонадони онҳо барои бозгашт ба ҳаёти маъмулӣ ба ёрии муайян ниёз доранд.

Ҳадафи умумии лоиҳаи «Чораҳои вокуниш ба ҷиноятҳои марбут ба савдои одамон бо назардошти манфиати қурбониёни савдои одамон» мусоидат ба талошҳои Ҳукумати Тоҷикистон ва созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар самти ҳимояи қурбониёни савдои одамон ва ба ҷазо кашидани  муҷримони тиҷорати одамон мебошад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Дар Тоҷикистон иди Қурбон кай таҷлил мешавад?

Муфтии кишвар рӯзи эҳтимолии онро гуфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 78

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Чанд рӯзи оянда дар Тоҷикистон селу хокбориш пешбинӣ мешавад

Аз шаҳрвандон даъват мешавад, ки аз чораҳои эҳтиётӣ кор гиранд.

Маъмултарин ҳолатҳои риоя нашудани қонунгузории меҳнат дар Тоҷикистон кадомҳоянд?

Соли 2025 бар асари риоя нашудани қоидаҳои техникаи бехатарӣ дар корҳо 18 нафар ҳалок ва 22 нафари дигар ҷароҳат бардоштанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 апрели соли 2026

Аз оғози фаъолияти "Боғи ҳайвонот" дар Душанбе то Рӯзи ҷаҳонии шамъсозон

Интиқоди вакили парлумон аз забони таблиғ, барномаи “Ислоҳнигорӣ” ва мухолифати қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ

Вакилони парлумон аз иҷро нашудани баъзе бандҳои “Барномаи рушди забони давлатӣ” нигаронӣ кардаанд.

Дар Тоҷикистон 35 дарсади шаҳрвандон бо фасод дучор шудаанд. Мақомот худ нигаронанд

Бузургтарин назарсанҷӣ нишон дода, ки бахши маориф, пулис ва тандурустӣ дар феҳрасти ниҳодҳои фасодзадаанд.