Дар Кӯлоб як афғон бо 107 кило маводи мухаддир дастгир шуд

Зимни баргузории амалиёти махсус оид ба пешгирии ҳодисаҳои муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир дар қаламрави шаҳри Кӯлоб, шаҳрванди 36-солаи Афғонистон, зодаи ноҳияи Хоҳони вилояти Бадахшон боздошт шуд. Дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон дар шарҳи ин маълумот менависад, гумонбаршуда, аъзои гурӯҳи муташаккили ҷиноӣ мансуб ёфта, аз ӯ дар маҷмӯъ 107 килою  646 грамм маводи нашъадор, аз инҳо 97 […]



Зимни баргузории амалиёти махсус оид ба пешгирии ҳодисаҳои муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир дар қаламрави шаҳри Кӯлоб, шаҳрванди 36-солаи Афғонистон, зодаи ноҳияи Хоҳони вилояти Бадахшон боздошт шуд.

Дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон дар шарҳи ин маълумот менависад, гумонбаршуда, аъзои гурӯҳи муташаккили ҷиноӣ мансуб ёфта, аз ӯ дар маҷмӯъ 107 килою  646 грамм маводи нашъадор, аз инҳо 97 килою 424 грамм маводи нашъадори бангдона, 9 килою 266 грамм маводи ҳашиш ва 956, 8 грамм маводи нашъаовари афюн дарёфт ва мусодира карда шудааст.

Гуфта мешавад, кормандони милиса ба гумони даст доштан ба муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар ҳамчунин сокини 55-солаи шаҳри Кӯлобро низ боздошт намуда, аз ӯ зиёда аз 9 кило маводи мухаддири ҳашишро дарёфт ва мусодира кардаанд.

Зимнан зикр мегардад, ки аз рӯи далелҳои дар боло зикршуда парвандаҳои ҷиноӣ боз шуда, тафтишот дар ин самт идома дорад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.