Идомаи афзоиши қарзи «Барқи тоҷик» аз нерӯгоҳи «Сангтӯда-1»

Аз оғози соли равон ҳаҷми қарзи ширкати «Барқи тоҷик» аз ҶСК «НБО Сангтӯда-1» боз қариб ба миқдори 56 млн. сомонӣ (беш аз 7 млн. $) афзуд. Бино ба маълумоти сомонаи расмии ҶСК «НБО Сангтӯда-1», айни замон ҳаҷми умумии қарзи ширкати «Барқи тоҷик» назди нерӯгоҳ ба 561,6 млн. сомонӣ (71,4 млн. $) расидааст. Қобили зикр аст, […]



Аз оғози соли равон ҳаҷми қарзи ширкати «Барқи тоҷик» аз ҶСК «НБО Сангтӯда-1» боз қариб ба миқдори 56 млн. сомонӣ (беш аз 7 млн. $) афзуд.

Бино ба маълумоти сомонаи расмии ҶСК «НБО Сангтӯда-1», айни замон ҳаҷми умумии қарзи ширкати «Барқи тоҷик» назди нерӯгоҳ ба 561,6 млн. сомонӣ (71,4 млн. $) расидааст.

Қобили зикр аст, ки аввали соли ҷорӣ ҳаҷми қарзи ширкати «Барқи тоҷик» назди ҶСК «НБО Сангтӯда-1» ба 505,8 млн. сомонӣ баробар буд.

Ахири соли гузашта палатаи поёнии парлумон бо пешниҳоди ҳукумати кишвар ба қонун «Дар бораи Буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2015» тағйироту илова ворид намуда, қарзи нерӯгоҳи барқи обии «Сангтӯда-1» аз андоз дар назди буҷети давлатии ҷумҳурӣ ба маблағи умумии 28 млн. сомониро аз эътибор соқит кард. Ғайр аз ин, нерӯгоҳи «Сангтӯда-1» соли 2016 аз пардохти андозҳо озод карда шуд.

Зимни суханронӣ оид ба ин масъала муовини аввали вазири молияи ҷумҳурӣ Ҷамшед Каримзода изҳор дошта буд, ки қарори мазкури ҳукумат ба дастгирии ширкати холдингии «Барқи тоҷик» аз ҷониби давлат нигаронида шудааст, ки ба мушкилоти молӣ мувоҷеҳ аст ва ба ҶСК «НБО Сангтӯда-1» аллакай 513 млн. сомонӣ (ба санаи 1 декабр) қарздор шудааст. «Ҳамин тариқ, озод кардани нерӯгоҳ аз пардохти андозҳо ин қарзро ба миқдори 28 млн. сомонӣ камтар мекунад», – гуфта буд ӯ.


ҶСК «Нерӯгоҳи обӣ-барқии Сангтӯда-1»

корхонаи муштараки Тоҷикистону Русия аст, ки соли 2006 бо мақсади анҷоми сохтмон ва истифодаи минбаъдаи нерӯгоҳи обӣ-барқӣ дар рӯдхонаи Вахши Тоҷикистон таъсис ёфт. Иқтидори тавлидотии нерӯгоҳ 670 мегаватт арзёбӣ шудааст.

Маблағи умумии лоиҳа зиёда аз 600 млн. доллари амрикоиро ташкил дода, 25%-и саҳми он дар ихтиёри Тоҷикистон мебошад. Агрегати аввали нерӯгоҳ 20-уми январи соли 2008 ва 31-уми июли соли 2009 пурра чор агрегати нерӯгоҳ мавриди истифода қарор гирифтанд. Ба ҳиссаи нерӯгоҳи «Сангтӯда-1» ҳудуди 15% аз ҳаҷми умумии нерӯи барқи дар Тоҷикистон истеҳсолшуда рост меояд.   

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.