Пешгирии муноқишаи навбатӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон

Дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон рӯзи 27 март аз муноқишаи навбатӣ дар сарҳад миёни сокинони деҳаҳои Чоркӯҳи Тоҷикистон ва  Оқсойи Қирғизистон барои қитъаи шағалу қумзор ҷилавгирӣ шуд. Хадамоти марзбонии Қирғизистон дар ин робита иттилоъ медиҳад , ки дар доираи тавофуқоти ҳосилшуда байни раисони деҳаҳои Чоркӯҳ ва Оқсой, сокинони ҳарду деҳа айни замон аз қуму рег ва […]



Дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон рӯзи 27 март аз муноқишаи навбатӣ дар сарҳад миёни сокинони деҳаҳои Чоркӯҳи Тоҷикистон ва  Оқсойи Қирғизистон барои қитъаи шағалу қумзор ҷилавгирӣ шуд.

Хадамоти марзбонии Қирғизистон дар ин робита

иттилоъ медиҳад

, ки дар доираи тавофуқоти ҳосилшуда байни раисони деҳаҳои Чоркӯҳ ва Оқсой, сокинони ҳарду деҳа айни замон аз қуму рег ва шағали дарёи Каравшин истифода мекунанд, аммо 27 март миёни шаҳрвандони Тоҷикистону Қирғизистон муноқиша рух дода, тоҷикистониён ба 3-4 қирғизҳо иҷозат надодаанд, ки аз ин ҷо қуму шағал бигиранд.  

Баъдан шаҳрвандони аз ин амал норозии ҳарду кишвар гурӯҳҳои иборат аз 30-40 нафар бо шумули кормандони техникиро гирдиҳам овардаанд.

Сипас сардорони дидбонгоҳҳои марзии ҳарду ҷониб ба ҷойи ҳодиса ҳозир шуда, миёни гирдиҳамомадагон корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронидаанд ва аз шиддат гирифтани муноқиша пешгирӣ шудааст.

Гуфта мешавад, масъалаи истифодаи муштарак аз шағалу қуми дарёи Каравшин имрӯз, 28 март дар вохӯрии раисони маъмурияти деҳоти Оқсой (Қирғизистон) ва Чоркӯҳ (Тоҷикистон) ҳаллу фасл мешавад.

Ҳамчунин зикр мегардад, ки айни замон вазъ дар ин қитъаи марзи давлатии Тоҷикистон орому муътадил аст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.