Осоишгоҳи «Шоҳамбарӣ» ба фурӯш гузошта шуд

Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон оид ба фурӯши бастаи саҳмияҳои ҶСП «Осоишгоҳи Шоҳамбарӣ» тендери кушоди байнулмилалии сармоягузорӣ эълон кард. Истироҳатгоҳи «Шоҳамбарӣ», воқеъ дар 25 километрии шимолу ғарбии шаҳри Душанбе дар ноҳияи Ҳисор, яке аз осоишгоҳҳои бузурги Тоҷикистон шуморида мешавад, ки майдони умумии он 17 гектарро ташкил дода, дар баландии 1 ҳазору 500 […]

ASIA-Plus



Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон оид ба фурӯши бастаи саҳмияҳои ҶСП «Осоишгоҳи Шоҳамбарӣ» тендери кушоди байнулмилалии сармоягузорӣ эълон кард.

Истироҳатгоҳи «Шоҳамбарӣ», воқеъ дар 25 километрии шимолу ғарбии шаҳри Душанбе дар ноҳияи Ҳисор, яке аз осоишгоҳҳои бузурги Тоҷикистон шуморида мешавад, ки майдони умумии он 17 гектарро ташкил дода, дар баландии 1 ҳазору 500 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир шудааст.

Аз Кумитаи мазкур ба «Азия-Плюс» дар и робита иттилоъ доданд, ки нархи осоишгоҳ 3,1 млн. сомонӣ (ҳудуди 395 ҳазор $ бо қурби расмии имрӯза)-ро ташкил медиҳад.

Тендери фурӯши иншооти мазкур дар ду марҳила гузаронида мешавад. Хоҳишмандони иштирок дар тендер то 21 апрели соли ҷорӣ ҳуҷҷатҳои худро пешниҳод карда метавонанд. Рӯзи дигар дар бинои Кумита ғолиби тендер эълон карда мешавад.

Барои иштирок дар тендер дар ҳаҷми 200 ҳазор сомонӣ маблағи кафолатнок пардохт кардан зарур аст. Дар шартҳои тендер гуфта мешавад, шахси воқеӣ ё ҳуқуқӣ, ки маблағи умумии пешниҳоди молиявӣ ва техникиаш аз ҳама бештар мешавад, ғолиби тендер эътироф хоҳад шуд.

Қобили зикр аст, ки моҳи ноябри соли гузашта оид ба фурӯши пойгоҳи лижаронӣ ва маҷмааи фароғатии «Сафедорак»

тендери кушод

эълон шуда буд. Ҳарчанд Кумитаи давлатии сармоягузорӣ иттилоъ дода буд, ки натиҷаҳои он 14 декабри соли гузашта эълон мешаванд, вале ин кор сурат нагирифт.

Аввали моҳи январи соли равон

маълум шуд

, ки маҷмааи фароғатии «Сафеддара» аз ҷониби намояндаи тиҷоратии Тоҷикистон дар Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ Шамсулло Соҳибов, домоди президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мавриди таъмиру азнавсозӣ қарор гирифтааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.