Раҳоии тоҷикони гаравгон дар Афғонистон

Шаҳрвандони Тоҷикистон, ки аз 25 март аз ҷониби қочоқбарон дар қаламрави Афғонистон гаравгон гирифта шуда буданд, озод шуда, аллакай дар қаламрави Тоҷикистон қарор доранд. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» роҳбари маркази матбуоти Сарраёсати Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон Муҳаммад Улуғхоҷаев хабар дод. Дар бораи дигар ҷузъиёти ин қазия алҳол маълумот дода намешавад. Субҳи имрӯз иттилоъ дода […]



Шаҳрвандони Тоҷикистон, ки аз 25 март аз ҷониби қочоқбарон дар қаламрави Афғонистон гаравгон гирифта шуда буданд, озод шуда, аллакай дар қаламрави Тоҷикистон қарор доранд. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» роҳбари маркази матбуоти Сарраёсати Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон Муҳаммад Улуғхоҷаев хабар дод. Дар бораи дигар ҷузъиёти ин қазия алҳол маълумот дода намешавад.

Субҳи имрӯз

иттилоъ дода будем

, ки намояндагони нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон баҳри раҳоии ду шаҳрванди кишвар, ки рӯзи 25 март аз ҷониби қочоқбарони афғон дар яке аз қитъаҳои сохтмони роҳи мошингарди Шӯрообод-Шоҳон гаравгон гирифта шуданд, бо намояндагони кишвари ҳамсоя ба 

музокирот

 пардохтанд.

Гуфтушунидҳо ҳам бо намояндагони мақомоти расмӣ ва ҳам бо аъзои гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунии мустақар назди марз сура гирифтанд.

Фармондеҳи нерӯҳои марзбонии ҷумҳурӣ, муовини аввали раиси КДАМ Тоҷикистон генерал-лейтенант Раҷабалӣ Раҳмоналӣ шоми ҳамон рӯз (25 март) ба макони рух додани ҳодиса дар қитъаи сохтмони роҳи автомобилгарди Шӯрообод-Шоҳон омадааст. Ӯ ба комиссияи махсуси ҳукумат оид ба тафтиши муноқишаи мусаллаҳона дар сарҳад роҳбарӣ мекунад.

Тибқи маълумоти манобеи Радиои Озодӣ, гурӯҳи қочоқбарони афғон ронандаи мушовири тарҳи роҳи Шӯрообод-Шоҳонро захмӣ карда, ду роҳсозро гаравгон ва бо худ ба қаламрави Афғонистон бурда буданд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.