ВАО: Муҳоҷирон ба занозаниҳои нав омодагӣ мегиранд

Мақомоти пулиси шаҳри Маскав дар пайи ошкор сохтани макони гирдиҳамоии издиҳоми афроди аз хориҷа воридшуда мебошанд, ки дар ин ҷойҳо сар задани бетартибиҳо аз норозигии ҳазорон муҳоҷирон имкон дорад. Як манбаъ аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба «Росбалт» дар ин робита гуфтааст, пас аз занозании оммавӣ дар оромгоҳи Хованское раҳбарият назди онҳо вазифа гузоштааст, ки тамоми […]



Мақомоти пулиси шаҳри Маскав дар пайи ошкор сохтани макони гирдиҳамоии издиҳоми афроди аз хориҷа воридшуда мебошанд, ки дар ин ҷойҳо сар задани бетартибиҳо аз норозигии ҳазорон муҳоҷирон имкон дорад.

Як манбаъ аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба

«Росбалт»

дар ин робита гуфтааст, пас аз занозании оммавӣ дар оромгоҳи Хованское раҳбарият назди онҳо вазифа гузоштааст, ки тамоми рӯйдодҳои марбут ба ҷойҳоеро, ки дар он ҷойҳо шумори зиёди муҳоҷирон аз Осиёи Миёна кору зиндагӣ мекунанд, таҳти назорат гиранд.

Дар ҷараёни иҷрои ин супориш мақомоти пулис ошкор сохтаанд, ки дар як қатор бозор ва марказҳои савдои воқеъ дар МКАД ва Люблино вазъ хеле муташанниҷ ва монанд ба сабабҳои моҷарои оромгоҳи Хованское буда, муҳоҷирон аз он норозӣ будаанд, ки қисмати назарраси музди меҳнаташонро ба касони дигар медиҳанд.

Гуфта мешавад, баъди кушта шудани «нозир» аз «дуздони қонунӣ» Шуҳрат ва собиқ фармондеҳи яке аз воҳидҳои махсуси Тоҷикистон Мустафо, ки қаблан ба ҷамъоварии маблағ машғул буданд, «пулҷамъкунакҳо»-и нав маблағи «ҳақ»-ро хеле боло бардоштаанд ва агар касе ба ин итоат намекунад, мавриди лату кӯб қарор гирифта, аз иншоот берун ва аз ҷойи кор маҳрум мешавад.

«Танҳо бо фарқ аз оромгоҳ, дар ин ҳолат  аллакай на сари садҳо, балки ҳазорон нафар муҳоҷирони норозӣ сухан меравад, ки дар ҳама гуна лаҳза барои ба даст гирифтани арматураву чӯбҳо омодаанд», – гуфтааст манбаъи «Росбалт».

Қаблан

иттилоъ дода будем

, ки мақомоти тафтишот аз эҳтимол дур намедонад, ки роҳбари қабристони Хованское Юрий Чабуев 50%-и даромади муҳоҷирони тоҷики ғайриқонунӣ фаъолиятдоштаро аз худ карданӣ будааст.

Ёдрас мекунем, ки собиқ директори оромгоҳи Хованское 

ба ташкили занозанӣ дар ин қабристон иқрор шуд.

 Юрий Чабуев изҳор дошт, ки муҳоҷирони тоҷик дар оромгоҳ бидуни иҷозатнома кор карда, барои ҳалли ин мушкилот ӯ «бачаҳои варзишгар»-ро даъват кардааст ва онҳо мебоист коргарони тоҷикро аз қаламрави қабристон берун мекарданд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.