Боздошти ғоратгарони пойафзол ва телефони кӯҳна

Кормандони милитсия марди 21-сола, донишҷӯи курси 2-юми яке аз Донишкадаҳои пойтахт ва ноболиғи 15-сола, хонандаи синфи 9-уми мактаби таҳсилоти умумӣ, ҳарду сокинони ш.Душанберо бо гумони содир намудани ҷинояти ғоратгарӣ дастгир намуданд. Бино ба иттилои дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон, номбурдаҳо рӯзи 24 май бо тариқи зӯроварӣ аз ноболиғ, ҷавони 15-солаи сокини шаҳри Душанбе, хонандаи синфи 8-уми […]



Кормандони милитсия марди 21-сола, донишҷӯи курси 2-юми яке аз Донишкадаҳои пойтахт ва ноболиғи 15-сола, хонандаи синфи 9-уми мактаби таҳсилоти умумӣ, ҳарду сокинони ш.Душанберо бо гумони содир намудани ҷинояти ғоратгарӣ дастгир намуданд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон, номбурдаҳо рӯзи 24 май бо тариқи зӯроварӣ аз ноболиғ, ҷавони 15-солаи сокини шаҳри Душанбе, хонандаи синфи 8-уми мактаби таҳсилоти умумӣ, як ҷуфт пойафзол, ки арзишаш 170-сомониро ташкил медиҳад, тасарруф  намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.

Гуфта мешавад, ҳамин рӯз шахсони номаълуми ниқобпӯш ғайриқонунӣ вориди анборхонаи доруҳои минералии хоҷагии ба номи Ниёзмаҳмад Бегови ҷамоати деҳоти Навободи ноҳияи Ҷ.Балхӣ шуда, посбони амборхонаи мазкур, марди 65-солаи сокини ҳамин ноҳияро зери лату кӯб қарор дода, 1-адад телефони мобилии тамғаи “Нокия”, ки арзишаш 80-сомониро ташкил медиҳад, тасарруф намуда  аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия, ду марди 26 ва 36-солаи сокинони ноҳияи Ҷ.Балхӣ ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти роҳзанӣ дастгир карда шуданд.

Зимнан зикр мегардад, ки аз рӯи далелҳои мазкур парвнадаи ҷиноӣ боз шуд, тафтишот идома дорад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.