Форуми тиҷоратии Тоҷикистону Покистон дар Душанбе

Дар доираи чорабинии «Корвони тиҷоратии Покистон» рӯзи 25 май дар шаҳри Душанбе форуми доираҳои корӣ ва тиҷоратии Тоҷикистону Покистон доир гардид. Дар кори форум дар баробари созмондиҳандагони ин чорабинӣ ва намояндагони вазорату идораҳои Тоҷикистон ва созмонҳои байнулмилалӣ, ҳамчунин беш аз 50 нафар намояндагони доираҳои тиҷорату савдои Тоҷикистону Покистон, Русия, Туркия ва Чин низ ширкат варзиданд. […]



Дар доираи чорабинии «Корвони тиҷоратии Покистон» рӯзи 25 май дар шаҳри Душанбе форуми доираҳои корӣ ва тиҷоратии Тоҷикистону Покистон доир гардид.

Дар кори форум дар баробари созмондиҳандагони ин чорабинӣ ва намояндагони вазорату идораҳои Тоҷикистон ва созмонҳои байнулмилалӣ, ҳамчунин беш аз 50 нафар намояндагони доираҳои тиҷорату савдои Тоҷикистону Покистон, Русия, Туркия ва Чин низ ширкат варзиданд.

Зимни суханронӣ дар маросими ифтитоҳи форум муовини раиси Палатаи савдо ва санаоти Тоҷикистон Манзура Рустамова изҳор дошт, ки форум яке аз чорабиниҳои бузург дар Тоҷикистон маҳсуб ёфта, ба таҳкими ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодии кишварҳо нигаронида шудааст. « Ин чорабинӣ ба таҳкими минбаъдаи робитаҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ миёни кишварҳо мусоидат хоҳад кард», – таъкид дошт номбурда.

Дар идомаи кори форум гуфтушунидҳои дуҷониба баргузор шуда, доир ба масоили иштироки соҳибкорону тоҷирон дар фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодӣ, ҳамкорӣ дар соҳаҳои сайёҳӣ, транзити мол, маҳсулоти кишоварзӣ, дорусозӣ ва таҷҳизоти тиббӣ табодули назар сурат гирифт.

Миёни тоҷирон ҳам гуфтушунидҳо доир гардида, дар вохӯриҳо масоили густариши ҳамкориҳо дар бахши кишоварзӣ, индустрия, саноати дӯзандагиву бофандагӣ, тандурустӣ ва дорусозӣ, саноати кимиё, савдо, истеҳсоли масолеҳи сохтмон, маҳсулоти варзишӣ ва техникаи маишӣ, саноати хӯрокворӣ ва истихроҷӣ кӯҳӣ, сайёҳӣ ва ғайра баррасӣ шуданд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.