Баррасии ҳолат ва дурнамои муносибатҳои Тоҷикистону Туркия

Муовини якуми вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ  рӯзи 7 июли соли соли 2016 кордори сафорати Туркия дар Тоҷикистон Озҷан Гултекинро ба ҳузур пазируфт. Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, зимни мулоқот атрофи масъалаҳои мубориза алайҳи терроризми байналмилалӣ, ифротгароӣ ва тавсеаи ин қабил ҳамкориҳои дуҷониба дар ҳошияи созмонҳои байналмилалию минтақавӣ табодули назар сурат гирифт. […]

ASIA-Plus



Муовини якуми вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ  рӯзи 7 июли соли соли 2016 кордори сафорати Туркия дар Тоҷикистон Озҷан Гултекинро ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, зимни мулоқот атрофи масъалаҳои мубориза алайҳи терроризми байналмилалӣ, ифротгароӣ ва тавсеаи ин қабил ҳамкориҳои дуҷониба дар ҳошияи созмонҳои байналмилалию минтақавӣ табодули назар сурат гирифт.

Гуфта мешавад, дар рафти суҳбат ҳамчунин ҳолат ва дурнамои муносибатҳои дуҷониба дар соҳаҳои иқтисод, тиҷорат, саёҳат, илму маориф мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар ҳамин ҳол, дар маълумоти Вазорати корҳои ҷумҳурӣ доир ба вокуниши Тоҷикистон нисбати изҳороти президенти Туркия оид ба миёни гумонбаршудагон дар амали террористии фурудгоҳи Истанбул ҳузур доштани зодагони Тоҷикистон чизе гуфта нашудааст.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи 5 июл зимни суханронӣ назди журналистон пас аз адои намоз ба муносибати Иди Рамазон дар яке аз масҷидҳои шаҳри Истанбул президенти Туркия Раҷаб Таййиб Эрдуғон

изҳор дошта буд

, ки аз рӯи далели даст доштан ба амали террористӣ дар фурудгоҳи ба номи Отатурки шаҳри Истанбул 30 нафар боздошт шуда, онҳо зодагони Доғистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон мебошанд.

Баъди нашри ин маълумот аз Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон

хабар дода буданд

, ки маълумоти боздошти тоҷикистониён ба гумони даст доштан дар амали террористӣ дар фурудгоҳи шаҳри Истанбулро мавриди санҷиш қарор додаанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.