Тоҷикистону Русия сиёсати муҳоҷиратро мувофиқа мекунанд

Дар ҷаласаи 6-уми Комиссияи байнипарлумонӣ оид ба ҳамкорӣ миёни Шӯрои Федератсияи Русия ва Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон муовини раиси Шӯрои Федератсия Евгений Бушмин изҳор намудааст, ки айни замон мувофиқасозии мавқеъҳо дар бахши муҳоҷират таркиби муҳимтарини муносибатҳои мутақобилаи Тоҷикистону Русия ба шумор меравад. Рӯзномаи парлумонӣ дар ин робита менависад , Е.Бушмин хотиррасон кардааст, ки аз […]

ASIA-Plus



Дар ҷаласаи 6-уми Комиссияи байнипарлумонӣ оид ба ҳамкорӣ миёни Шӯрои Федератсияи Русия ва Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон муовини раиси Шӯрои Федератсия Евгений Бушмин изҳор намудааст, ки айни замон мувофиқасозии мавқеъҳо дар бахши муҳоҷират таркиби муҳимтарини муносибатҳои мутақобилаи Тоҷикистону Русия ба шумор меравад.

Рӯзномаи парлумонӣ дар ин робита

менависад

, Е.Бушмин хотиррасон кардааст, ки аз рӯи натиҷаҳои Форуми VI Русия ва Тоҷикистон дар Маскав соли 2014 як қатор тавсияҳои муҳим, аз ҷумла суръат бахшидан ба таҳияи лоиҳаҳои созишномаҳо оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи суғуртаи нафақаи муҳоҷирони корӣ ва реадмиссия (оид ба баргардонидани муҳоҷирони ғайриқонунӣ ба ватан) қабул шуда буданд.

Ба гуфтаи ӯ, имрӯз Тоҷикистону Русия ба роҳандозии ҳамкориҳо дар бахшҳои кишоварзӣ, энергетика, мошинсозӣ, металлургия ва ғайра манфиатдор буда, айни замон 83 субъекти Русия (аз 85 субъект) ба ҳамкориҳои байниминтақавӣ бо Тоҷикистон ҷалб шудаанд ва аллакай 80 созишномаҳои байниминтақавӣ ва ёддоштҳо қабул шудааст.

Дар навбати худ муовини аввали Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон Абдураҳмон Қодирӣ қайд кардааст, ки имрӯз миёни кишварҳо танзими масъалаҳои муҳоҷират, суғуртаи иҷтимоӣ ва ҳифзи ҳуқуқҳои муҳоҷирни корӣ муҳим буда, ҳамасола 700 ҳазор шаҳрвандони Тоҷикистон муҳоҷирати корӣ дар хориҷи кишвар, асосан ба Русияро ихтиёр мекунанд.

Абдураҳмон Қодирӣ ҳамчунин хотиррасон кардааст, ки феълан барои риоя накардани қонунгузории муҳоҷират вуруди зиёда аз 330 ҳазор шаҳрвандони Тоҷикистон ба Русия ба муҳлати аз 3 то 5 сол манъ шуда, дар Тоҷикистон барои беҳбуди вазъ дар ин самт марказҳои омодагии муҳоҷирон ба фаъолият шурӯъ кардаанд, ки дар онҳо ба муҳоҷирон забони русӣ омӯзонида шуда, доир ба огаҳӣ аз қонунгузориҳои Русия ва соҳиби касбу кор шудани муҳоҷирони имконпазир машғулиятҳо гузаронида мешаванд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.