Эмомалӣ Раҳмон фавти Ислом Каримовро талафоти бузург номид

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 3 сентябр бо мақсади иштирок дар маросими видоъ бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон марҳум Ислом Каримов вориди шаҳри Самарқанд шуд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, ар фурудгоҳи байналмилалии Самарқанд Эмомалӣ Раҳмонро намояндагони воломақоми ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон истиқбол гирифтанд. Маросими видоъ бо Президенти […]

Asia-Plus

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 3 сентябр бо мақсади иштирок дар маросими видоъ бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон марҳум Ислом Каримов вориди шаҳри Самарқанд шуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, ар фурудгоҳи байналмилалии Самарқанд Эмомалӣ Раҳмонро намояндагони воломақоми ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон истиқбол гирифтанд.

Маросими видоъ бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ислом Каримов дар майдони Регистон ва митинги мотам дар Қароргоҳи Ҳукуматии шаҳри Самарқанд баргузор гардид.

Дар ин маросим Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, сарони як қатор давлатҳою ҳукуматҳо, роҳбарони ташкилоту созмонҳои бонуфузи олам ва намояндагони корпуси дипломатӣ иштирок карданд.

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни маросими видоъ ба мардуми дӯсту бародари Узбекистон, наздикону пайвандон ва ба аҳли оилаи Ислом Каримов аз номи Ҳукумат ва мардуми тоҷик изҳори тасалияту ҳамдардии амиқ баён карда, даргузашти Ислом Каримовро талафоти азим барои ҳукумат ва ҳалқи ӯзбек, ҳамзамон кулли мамолики дӯсти ин кишвари ҳамсоя арзёбӣ намуданд.

Ёдовар мешавем, ки муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон 22 октябри соли 1992 барқарор гардида буд. Аз соли 1995 дар шаҳри Тошкент Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият мекунад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дурнамои рушди иқтисодӣ, мавқеи ҷуғрофӣ ва инчунин муносибатҳои таърихан ташаккулёфтаи халқҳои ду кишварро ба инобат гирифта, ба рушду таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон таваҷҷуҳи пайваста зоҳир мекунад. Айни замон заминаҳои шартномавию ҳуқуқии муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Ӯзбекистонро 111 созишнома ва аҳднома дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ ташкил медиҳанд, ки аз соли 1992 то имрӯз дар сатҳҳои байнидавлатӣ, байниҳукуматӣ ва байнисоҳавӣ ба имзо расидаанд.

Санадҳои асосие, ки дар сатҳи роҳбарони ду кишвар ба имзо расидаанд, самтҳои муҳимтарини муносибатҳои тарафайнро муайян месозанд.

Ба рушду густариши муносибатҳои дуҷонибаи дӯстию бародарӣ ва ҳамсоягӣ вохӯриҳои дуҷонибаи сарони давлатҳо аз рӯзҳои нахустин заминаи мусоид фароҳам овард.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.