Мақоми 4-уми мунтахаби наврасони таэквондо ИТФ Тоҷикистон дар ҷаҳон

Дар Андрия (Италия) бо иштироки намояндагони 58 кишвари саросари дунё Чемпионати ҷаҳон оид ба таэквондо ИТФ миён наврасон доир гардид, ки дастаи Тоҷикистон дар он 5 медали тилло, 8 медали нуқра ва 4 медали биринҷӣ ба даст овард. Ба гуфтаи мураббии даста Эркин Латифов, ин дастовард тауфаи шоистаи варзишгарони наврас ба ҷашни 25-солагии Истиқлолияти ҷумҳурӣ […]

Asia-Plus

Дар Андрия (Италия) бо иштироки намояндагони 58 кишвари саросари дунё Чемпионати ҷаҳон оид ба таэквондо ИТФ миён наврасон доир гардид, ки дастаи Тоҷикистон дар он 5 медали тилло, 8 медали нуқра ва 4 медали биринҷӣ ба даст овард.

Ба гуфтаи мураббии даста Эркин Латифов, ин дастовард тауфаи шоистаи варзишгарони наврас ба ҷашни 25-солагии Истиқлолияти ҷумҳурӣ аст.

Камолиддин Тоҷибоев, қаҳрамони ҷаҳон ва дорандаи медали нуқра дар спарринг чемпиони мутлақи ҷаҳон дониста шуд.

Медалҳои тилло:

1. Камолиддин Тоҷибоев

2. Фаридун Гадоев

3. Умед Юлдошев

4. Аминҷон Ғиёсов

5. Сиёвуш Иброҳимов

Медалҳои нуқра

1. Ҳайдар Шоев

2. Сипар Беромов

3. Сайдамир Содиқов

4. Камолиддин Тлҷибоев

5. Сафия Исмоилова

6. Ромиш Гадоев

7-8. Дар мусобиқоти даставӣ

Медалҳои биринҷӣ:

1. Мижгона Самадова

2. Элина Содиқова

3-4. Дар мусобиқоти даставӣ

Рақобатҳо барои дарёфти медалҳо дар спарринги даставӣ, техникаи махсуси даставӣ, худдифоъӣ ва дар мусобиқаҳои инфиродӣ оид ба техникаи махсус сурат гирифтанд. Дар ҳисоби умумидаставӣ дастаи наврасони Тоҷикистон зинаи 4-умро ишғол кард.

Дар акс қаҳрамони мутлақи ҷаҳон оид ба таэквондо ИТФ миёни наврасон Камолиддин Тоҷибоев. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.