Тоҷикистон хатсайри тиҷорати алюминийро тағйир доданист

Ҳукумати Тоҷикистон дар бораи роҳандозии нақшаи чорабиниҳо оид ба солимгардонии вазъи иқтисодӣ ва молиявии КВД “Ширкати алюминии тоҷик” (ТАЛКО) барои давраи солҳои 2016-2018 қарор қабул кард. Дар қарори ахири моҳи август аз ҷониби раиси ҳукумат Эмомалӣ Раҳмон баимзорасида ба сохторҳои дахлдор дастур дода мешавад, ки “барои иҷрои нақшаи чорабиниҳои мазкур тадбирҳои зарурӣ андешанд”. Яке аз […]

Пайрав Чоршанбиев

Ҳукумати Тоҷикистон дар бораи роҳандозии нақшаи чорабиниҳо оид ба солимгардонии вазъи иқтисодӣ ва молиявии КВД “Ширкати алюминии тоҷик” (ТАЛКО) барои давраи солҳои 2016-2018 қарор қабул кард.

Дар қарори ахири моҳи август аз ҷониби раиси ҳукумат Эмомалӣ Раҳмон баимзорасида ба сохторҳои дахлдор дастур дода мешавад, ки “барои иҷрои нақшаи чорабиниҳои мазкур тадбирҳои зарурӣ андешанд”.

Яке аз бандҳои нақшаи чорабиниҳо андешидани тадбирҳои муассир барои имзои созишномаи сеҷониба дар бораи савдои транзитӣ миёни ҳукуматҳои Тоҷикистону Покистон ва Афғонистонро дар бар мегирад, ки ҳадаф аз он истифодаи бандари Қарочии Покистон аст.

Қобили зикр аст, ки айни замон Тоҷикистон савдои алюминийро тариқи бандарҳои воқеъ дар Шарқи Наздик – Эрон ва Туркия амалӣ месозад.

Ғайр аз ин, дар нақшаи чорабиниҳо мусоидат ба ТАЛКО дар дастрасӣ ба қарзҳои имтиёзнок баҳри харидории ашёи хом барои истеҳсоли алюминий тавассути пешниҳоди кафолатҳои давлатӣ пешбинӣ шудааст.

Ҳамчунин дар ин санад ба вазорату идораҳои дахлдор дастур дода шудааст, ки барои сабук кардани андозбандиҳо барои корхона як қатор пешниҳодҳои асоснок таҳия кунанд.

Гузашта аз ин, бозбинии арзиши хизматрасониҳои КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон” дар мавриди ҳамлу нақли молу маҳсулоти ТАЛКО ба нақша гирифта шудааст.

Нақшаи чорабиниҳо ҳамчунин аз бандҳое чун азнавсозии техникӣ, таҷдид ва таъмири асосии таҷҳизот, бино, иншоот, ҷалби сармоя бо ин мақсад ва ғайра низ иборат аст.

Қобили зикр аст, ки тайи солҳои ахир дар ТАЛКО тамоили коҳиши истеҳсоли алюминий ба мушоҳида мерасид. Ҳамин тариқ, дар ТАЛКО соли 2007 – 419; соли 2008 – 400; соли 2009 – 360; соли 2010 – 348; соли 2011 – ҳудуди 290; соли 2012 – 275; соли 2013 – беш аз 218 ва соли 2014 – ҳудуди 125 ҳазор тонна алюминий истеҳсол шуд.

Соли 2015 ТАЛКО ҳаҷми истеҳсоли алюминиии аввалияро афзуда, ба тамоили ҳафтсолаи коҳиши истеҳсолот хотима бахшид. Вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон Шавкат Бобозода зимни нишасти хабарӣ дар ин робита изҳор намуда буд, ки соли гузашта ТАЛКО истеҳсоли алюминии аввалияро то 139 ҳазор тонна зиёд кардааст.

Нимсолаи аввали соли равон дар ТАЛКО беш аз 73,1 ҳазор тонна (6 моҳи соли 2015 – беш аз 64,3 ҳазор тонна) алюминии аввалия истеҳсол шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 13,6% бештар аст.

Тибқи маълумоти Хадамоти гумруки ҷумҳурӣ, тӯли 6 моҳи соли ҷорӣ аз Тоҷикистон ба хориҷи кишвар ҳудуди 73,5 ҳазор тонна (нимсолаи аввали соли 2015 – каме бештар аз 61,1 ҳазор тонна) алюминий содирот шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 12,3 ҳазор тонна ё худ 20% зиёдтар аст.

Харидори асосии алюминии Тоҷикистон дар соли равон Туркия мебошад, ки беш аз 70,5% (зиёда аз 52,3 ҳазор тонна) аз ҳаҷми умумӣ ба ин кишвар рост меояд. Ҳамчунин имсол алюминии Тоҷикистон ба Тайван (беш аз 16,5 ҳазор тонна), Эрон (беш аз 4,1 ҳазор тонна), Ҷазираҳои Вирҷиния (288,2 тонна), Ӯзбекистон (133 тонна) ва Покистон (ҳудуди 30 тонна) содирот шудааст.

Харидорони асосии алюминии тоҷик

Пас аз таваққуфи ҳафтсола ТАЛКО истеҳсоли маҳсулотро афзуд

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чолиш барои сарояндагон. Оё ҳуши маснуӣ ҷойи овозхонони воқеиро мегирад?

Машҳуртарин сарояндаи ҳушвораро кӣ офаридааст ва барои як суруд ӯ чанд рӯз талош мекунад?

Суҳбати телефонии Эмомалӣ Раҳмон бо Содир Ҷабборов

Дар ин суҳбат, тибқи иттилои расмӣ, “масъалаҳои рӯзмарраи робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон” баррасӣ шудаанд.

Дар Тоҷикистон Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб таъсис ёфт.

Дар ин бора фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон субҳи 23-юми май ба имзо расид.

Анборҳои холӣ ва талаботи зиёд. Чаро нархи семент дар Тоҷикистон якбора гарон шуд?

Бар асари корҳои таъмир дар корхонаҳо, талаботи зиёд ва афзоиши содирот ба Афғонистон, бозори масолеҳи сохтмони Тоҷикистон нобасомон аст.

Эмомалӣ Раҳмон “Рӯзи ҷавонон”-ро ба ҷавонони тоҷик шодбош гуфт

Имрӯз дар Тоҷикистон "Рӯзи ҷавонон" таҷлил мешавад.

Ҷузъиёти латукӯби омӯзгор дар Нуробод. Додситонӣ ҳодисаро таҳқиқ мекунад, Вазорат гуфт, аз омӯзгор ҳимоят хоҳад кард

Мақомот шахсеро, ки муаллимро зад чанд бор бозпурсӣ кардаанд ва тафтиши қазия идома дорад.

Саршумори чорво ва истеҳсоли гӯшт дар Тоҷикистон зиёд шудааст

Дар 4 моҳ дар Тоҷикистон беш аз 68 ҳазор тонна гӯшт истеҳсол шудааст.

Боздошти як хонандаи мактаб дар пайванд ба куштори як кирокаш дар Ёвон

Алайҳи ин наврас бо гумони "одамкушӣ бо бераҳмии махсус" парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.