Қатъи омодагиҳои мухолифони Сурия ба гуфтугӯҳои сулҳ дар Остона

Рӯзи душанбе 12 гурӯҳи мухолифон ба роҳбарии Артиши озоди Сурия бо нашри як изҳороти муштарак гуфтанд, ҳамагуна иртиботро барои омодагӣ ба гуфтугӯҳои сулҳи Сурия, ки интизор меравад, охири моҳи январ дар Остонаи Қазоқистон бо миёнаравии Русия ва Туркия баргузор шавад, қатъ кардаанд. Бино ба иттилои сомонаи Лоиҳаи хабарии Осиёи Марказӣ, муаллифони изҳорот менависанд, нерӯҳои мухолифин […]

Лоиҳаи хабарии Осиёи Марказӣ

Рӯзи душанбе 12 гурӯҳи мухолифон ба роҳбарии Артиши озоди Сурия бо нашри як изҳороти муштарак гуфтанд, ҳамагуна иртиботро барои омодагӣ ба гуфтугӯҳои сулҳи Сурия, ки интизор меравад, охири моҳи январ дар Остонаи Қазоқистон бо миёнаравии Русия ва Туркия баргузор шавад, қатъ кардаанд.

Бино ба иттилои сомонаи Лоиҳаи хабарии Осиёи Марказӣ, муаллифони изҳорот менависанд, нерӯҳои мухолифин ба оташбасе, ки 30 декабр эълон шуд, содиқ мондаанд, аммо артиши ҳукумат ба мавзеъҳои мухолифин дар канораи Димишқ ҳамлаи заминӣ ва ҳавоӣ анҷом медиҳанд. Маҳз аз минтақаҳои тасарруфшудаи мухолифин ба чаҳор миллион аҳолии пойтахти Сурия ва канораи шаҳр оби ошомиданӣ мерасад.

Гуфта мешавад, бино бар иттилои ҳомиёни ҳуқуқ, рӯзи душанбе артиши Башор Асад бо кумаки гуруҳи "Ҳизбуллоҳ", ки эҳтимол меравад, пуштибонаш Эрон аст, ба мавзеи мухолифин ҳамла карданд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.