Лукашенко: узвият ба Иттиҳоди гумрукӣ ба зарари мо анҷомид

Александр Лукашенко, раисиҷумҳури Белорусия гила кардааст, ки узвияташ дар Иттиҳоди гумрукӣ, ки бо даъвати Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия сурат гирифт, ба зарари иқтисодиёти кишвараш анҷомидааст. Бино ба иттилои хабаргузории «Озодагон», Лукашенко охири ҳафтаи гузашта дар суҳбат бо расонаҳо гуфтааст, иттиҳод аз ошхонаи Путин оғоз шуд: “Ӯ хост мо ӯро дастгирӣ кунем ва мо аз узвият […]

Хабаргузории «Озодагон»

Александр Лукашенко, раисиҷумҳури Белорусия гила кардааст, ки узвияташ дар Иттиҳоди гумрукӣ, ки бо даъвати Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия сурат гирифт, ба зарари иқтисодиёти кишвараш анҷомидааст.

Бино ба иттилои хабаргузории «Озодагон», Лукашенко охири ҳафтаи гузашта дар суҳбат бо расонаҳо гуфтааст, иттиҳод аз ошхонаи Путин оғоз шуд:

“Ӯ хост мо ӯро дастгирӣ кунем ва мо аз узвият баробариро интизор доштем. Бе баробарӣ иттиҳод ғайриимкон аст. Аммо дар пайи нобаробариҳои нархгузорӣ мо 15 миллиард долларро аз даст додем. Аз мо 15 миллиард гирифтанду баъд 5 миллиардро бо фоизҳои гарон қарз доданд. Оё ин хуб аст?”

Раисиҷумҳури Белорусия илова кардааст, ки дар баробари ин боз миннат мекунанд, ки мо онҳоро мехӯронему бори зиёдатиянд: “Ин хуб нест ва ба ин бояд хотима дод”.

Гилаи Лукашенко аз нобаробариҳо дар Иттиҳоди гумрукӣ дар ҳолест, ки Тоҷикистон низ дар садади узвият дар ин иттиҳод қарор дорад ва коршиносон онро аз мавзӯҳои меҳварӣ дар сафари қарибулвуқӯи Путин ба Душанбе арзёбӣ мекунанд.

https://www.youtube.com/watch?v=tJkKYPskRU0

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Давоми 3 моҳ Тоҷикистон чӣ ва чӣ қадар хариду фурӯхт?

Ҳаҷми савдои хориҷии ҷумҳурӣ ба андозаи 21% афзуд.

Дастаи футболи наврасони Тоҷикистон бо шикасти Мянмар ба Ҷоми ҷаҳон роҳхат гирифт

Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2026 ҳамсолони худ аз Мянмарро бо натиҷаи 1:0 шикаст доданд.

Рақибони дастаи футболи Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё муайян шуданд

Ҷоми Осиё-2027 аз 7-уми январ то 5-уми феврали соли оянда дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон ба Чин сафар мекунад

Зимни ин сафар татбиқи лоиҳаҳои муштарак, аз ҷумла энергетика, “иқтисоди сабз” ва фанновариҳои рақамӣ" баррасӣ хоҳанд шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 майи соли 2026

Аз таъсиси Консерваторияи миллӣ то зодрӯзи Ҳошим Гадову Абдулмаҷид Достиев.

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.