Иқтисоди Тоҷикистон «ғолибан ноозод» унвон шуд

Тоҷикистон дар гузориши нави Бунёди Мерос-2017 (Heritage Foundation: 2017 Index of Economic Freedom), қароргоҳаш дар Амрико, дар шохиси озодиҳои иқтисодӣ як кишвари "ғолибан ноозод" ва дар мақоми 109 дар миёни давлатҳои сайёра ҷой гирифтааст. Бино ба маълумоти Радиои Озодӣ, муаллифони гузориш бо таҳқиқи вазъи иқтисоди Тоҷикистон дар соли гузашта навиштанд, "пешравӣ дар ислоҳоти макроиқтисодии кишвар […]

Радиои Озодӣ

Тоҷикистон дар гузориши нави Бунёди Мерос-2017 (Heritage Foundation: 2017 Index of Economic Freedom), қароргоҳаш дар Амрико, дар шохиси озодиҳои иқтисодӣ як кишвари "ғолибан ноозод" ва дар мақоми 109 дар миёни давлатҳои сайёра ҷой гирифтааст.

Бино ба маълумоти Радиои Озодӣ, муаллифони гузориш бо таҳқиқи вазъи иқтисоди Тоҷикистон дар соли гузашта навиштанд, "пешравӣ дар ислоҳоти макроиқтисодии кишвар ва фазои соҳибкорӣ хеле ночиз будааст". Ин гузориш рӯзи 15 феврал нашр шуд.

Ин дар ҳолест, ки, мегӯянд муаллифони гузориш, зарфиятҳои рушди иқтисодии Тоҷикистон хеле баланд буда, аммо дар фазои саркӯбкунандаи сиёсӣ дахолати ҳукумат иқтисодро заъфпазир кардааст. Ба қавли онҳо, бар хилофи баъзе пешравиҳо дар амри хусусигардонии ширкатҳои хурду миёна, рушди соҳаи хусусӣ ба кундӣ пеш меравад.

"Ҳамоно даромад аз пули муҳоҷирон манбаи муҳими маблағгузориҳои беруна мебошад. Сармоягузории хориҷӣ бо сабаби муқаррароти сангини бюрократӣ ва мудирияти ғайримуназзам бад шудааст. Тоҷикистон яке аз кишварҳои фазодзадатарини ҷаҳон боқӣ мемонад", – навиштаанд мутахассисони Heritage Foundation.

Дар гузориш, инчунин, гуфта шудааст, ки замин дар Тоҷикистон моликияти давлат буда, низоми додгустарӣ мустақил нест. Дар ин гузориш аз мақомҳои баланди дастикам ду фарзанди президент ёдоварӣ шуда ва таъкид гардидааст, ки бисёре аз аъзои хонаводаи президент дар соҳаи бизнеси кишвар манфиатҳои тиҷоратӣ доранд.

Ҳаҷми андоз аз даромади афроди ҳуқуқӣ 13 ва аз корхонаҳо 15 дар сад аст, илова ба ин андоз аз арзиши иловашуда ҳам вуҷуд дорад. Ба қавли муаллифони гузориш, дар маҷмӯъ, бори андоз дар ҳисоби умумии даромади дохилии кишвар ба 22,8 дар сад баробар аст. Онҳо гуфтанд, “хароҷоти ҳукумат дар се соли гузашта ба 29,4 дар сади маҷмӯи нохолиси миллӣ ва касри буҷа ба 1 дар сад маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ баробар буд. Қарзи умумӣ ба 35,9 дар сади ММД (Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ) баробар буд.”

Дар гузориши Бунёди Мерос-2017 (Heritage Foundation: 2017 Index of Economic Freedom) таъкид шудааст, ки фаъолиятҳои соҳибкорӣ дар Тоҷикистон бо сабаби дахолати барзиёди давлат ва номуайяниҳои бюрократӣ осеб мебинанд. Қонунҳои марбут ба кор ба таври зарурӣ нарм нестанд ва ба ҳамин хотир ҳам намегузоранд, ки бозори кор рушд кунад. “Дахолати давлат ба сиёсати нархгузорӣ ва бахшидани сабукиҳо ба ширкатҳои вижаи давлатӣ зиёд аст. Иқтисод аз ба таври шадид аз доллар вобаста буда, зарфиятҳои Бонки миллии ин кишвар хеле заиф аст”, – омадааст дар ин гузориш.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.