Тиллерсон: равобити ду қудрати ҳастаӣ набояд дар ин сатҳ бошад

Президенти Русия Владимир Путин бо котиби давлатии ИМА Рекс Тиллерсон дар пешорӯи шиддат гирифтани ташаннуҷ миёни ду кишвар, барои ҳимояти Москва аз режими Башор Асад дар Кремл мулоқот кард. Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, сафари Тиллерсон ба Русия баъди истифода шудани силоҳи кимиёӣ аз тарафи ҳукумати Асад дар Идлиб ва зарбаҳои мушакии ИМА […]

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ

Президенти Русия Владимир Путин бо котиби давлатии ИМА Рекс Тиллерсон дар пешорӯи шиддат гирифтани ташаннуҷ миёни ду кишвар, барои ҳимояти Москва аз режими Башор Асад дар Кремл мулоқот кард.

Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, сафари Тиллерсон ба Русия баъди истифода шудани силоҳи кимиёӣ аз тарафи ҳукумати Асад дар Идлиб ва зарбаҳои мушакии ИМА ба Сурия, ки Москваро ба ғазаб оварданд, сурат гирифт.

Тиллерсон баъди мулоқот бо Путин, ҳамон тавре ки дар нишасти хабарии муштарак бо ҳамтои русаш Сергей Лавров баён дошт, муносибатҳои ИМА ва Русия дар "пойинтарин нуқта" қарор доранд. Ӯ афзуд, ки равобити ду қудрати ҳастаӣ набояд дар ин сатҳ бошад.

Котиби давлатии ИМА изҳор дошт, ки то барқарории сулҳ дар шарқи Украина муколамаи Вашингтону Москва мушкил хоҳад буд. Вале ҳамзамон қайд кард, ки роҳҳои гуфтугӯву тамос ҳамеша бозанд.

Вазири умури хориҷии Русия Сергей Лавров гуфтугӯ бо ҳамтои амрикоияшро "муҳим" ва "комилан ошкоро" номида ва гуфт, ҳамкориҳои Москва ва Вашингтон ба нафъи тамоми ҷаҳон хоҳад буд.

Лавров кишварҳои Ғарбро ба он айбдор кард, ки талош доранд, то муколамаи ИМА ва Русияро ба ҳам бизананд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.