Муштзӯри рус ба оштишавӣ бо тоҷики кӯчарӯб розӣ шуд

Як муҳоҷири тоҷик, ки ба кӯчарӯбиву нигоҳубини гирду атрофи биноҳои истиқоматии шаҳри Маскав машғул буд, мавриди лату кӯби шадиди яке аз бошандагони ин манзилҳо гардид. Бино ба маълумоти «Лента.ру», муҳоҷири тоҷик Маҳмадулло Давлатзодаро шавҳари як зане, ки ба муштзани маъруф Валуев шабоҳат доштаасту аз эроди Маҳмуд (Маҳмадулло) ба ин зан хашмгин шудааст, бераҳмона чандин маротиба […]

Як муҳоҷири тоҷик, ки ба кӯчарӯбиву нигоҳубини гирду атрофи биноҳои истиқоматии шаҳри Маскав машғул буд, мавриди лату кӯби шадиди яке аз бошандагони ин манзилҳо гардид.

Бино ба маълумоти «Лента.ру», муҳоҷири тоҷик Маҳмадулло Давлатзодаро шавҳари як зане, ки ба муштзани маъруф Валуев шабоҳат доштаасту аз эроди Маҳмуд (Маҳмадулло) ба ин зан хашмгин шудааст, бераҳмона чандин маротиба лату кӯбу таҳқир кардааст.

Гуфта мешавад, сокинони манзилҳо ба ҳимояти муҳоҷири тоҷик бархоста, ҳуқуқшиноси яке аз фондҳои ҷамъиятӣ Ирина Бирюкова дар мавриди таҳқиқи ин ҳодиса ба мақомоти пулис ва Кумитаи тафтишоти Русия ариза додааст.

Дар ҳамин ҳол, шоми рӯзи 21 август сокинони манзилҳо хабар додаанд, ки марди муҳоҷирро латукӯбкарда аллакай ба бозпас гирифтани ариза, пардохти маблағи муолиҷаи ҷабрдида ва оштишавӣ бо ӯ омода аст. Имрӯз ҷиҳати оштӣ додани онҳо намояндагони ӯ ба бемористон назди Маҳмуд мераванд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.