Меҳрубон Сангинов қаҳрамони ҷаҳон аз рӯи версияи WBC

Меҳрубон Сангинов, муштзани маъруфи тоҷик, дар як набарди сангин бар ҳарифи амрикоиаш Камерон Буругз пирӯз шуд. Бино ба иттилои Радиои Озодӣ, ин набард шоми 23-юми сентябр дар шаҳри Луизинаи Амрико барои ба даст овардани камарбанди қаҳрамонии ҷаҳон аз рӯи ривоят ё версияи WBC ("World Boxing Council") баргузор гардид. Меҳрубон дар сӯҳбати кӯтоҳ бо Радиои Озодӣ […]

Радиои Озодӣ

Меҳрубон Сангинов, муштзани маъруфи тоҷик, дар як набарди сангин бар ҳарифи амрикоиаш Камерон Буругз пирӯз шуд.

Бино ба иттилои Радиои Озодӣ, ин набард шоми 23-юми сентябр дар шаҳри Луизинаи Амрико барои ба даст овардани камарбанди қаҳрамонии ҷаҳон аз рӯи ривоят ё версияи WBC ("World Boxing Council") баргузор гардид.

Меҳрубон дар сӯҳбати кӯтоҳ бо Радиои Озодӣ гуфтааст, ки пирӯзӣ барои гирифтани ин камарбанд чандон содда набуд.

"Тӯли даҳ давр бо рақибам муштзанӣ кардем. Ӯ хеле хубу пурқувват буд, вале ман зӯртар баромадам. Пирӯзӣ бо ҳисоби 100:93 ба фоидаи мо анҷом ёфт", – изҳор доштааст ӯ.

Гуфта мешавад, аз ин пеш, дар моҳи июли имсол, Меҳрубон Сангинов дар мусобиқаи бокси ҳирфаӣ пас аз пирӯзӣ бар Стефен Дерстайни амрикоӣ ба унвони қаҳрамони ҷаҳон дар вазни 76,2 кило аз рӯи ривояти WBB (“World Boxing Board”) даст ёфта буд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.