Роҳхати мунтахаби футболи наврасони Тоҷикистон ба Чемпионати Осиё-2018

Дар бозии охирини даври интихобии Чемпионати Осиё-2018 оид ба футбол миёни наврасон дар гурӯҳи «В», ки дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор доир гардид, мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) бо ҳисоби 1 бар 0 дастаи Уммонро мағлуб кард. Бино ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар давраи аввал футболбозони тоҷик бар дастаи Сурия (2:0) ва дар даври дуюм бар […]

Asia-Plus

Дар бозии охирини даври интихобии Чемпионати Осиё-2018 оид ба футбол миёни наврасон дар гурӯҳи «В», ки дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор доир гардид, мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) бо ҳисоби 1 бар 0 дастаи Уммонро мағлуб кард.

Бино ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар давраи аввал футболбозони тоҷик бар дастаи Сурия (2:0) ва дар даври дуюм бар дастаи Малдив (14:0) дастболо шуда буданд. Ҳамин тариқ, мунтахаби футболи наврасони Тоҷикистон дар се бозӣ 9 имтиёз ба даст оварда, ҳамчун ғолиби гурӯҳ ба даври финалии Чемпионати Осиё-2018 роҳ ёфт.

Қобили зикр аст, ки ғолибони 10 гурӯҳ ва 5 дастаи зинаи дуюми гурӯҳҳо бо натиҷаҳои беҳтарин ба даври финалии Чемпионати Осиё-2018 миёни наврасон роҳ меёбанд. Даври финалии ин мусобиқа аз 25 сентябр то 7 октябри соли оянда дар Малайзия доир мегардад.

Лозим ба ёдоварист, ки мунтахаби футболи наврасони Тоҷикистон бори сеюм аст, ки ба даври финалии Чемпионати Осиё роҳхат мегирад. Қаблан футболбозони навраси тоҷик дар Чемпионатҳои соли 2006 ва 2010 иштирок карда буданд. Дар мусобиқаи соли 2006 дар Сингапур мунтахаби футболи наврасони Тоҷикистон ба медалҳои биринҷии мусобиқа шарафёб гардида буд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.