Зани боздоштшуда дар Хуҷанд: «Ман ҳеҷ гоҳ аз ҳиҷоб даст намекашам»

Зани сокини шаҳри Хуҷанд, ки имрӯз аз ҷониби кормандони милитсия барои ҳиҷобпӯшӣ боздошт шуда буд, айни замон дар хонааш қарор дорад. Ӯ ҳиҷобро накашида, изҳор доштааст, ки дар ҳама гуна ҳолат аз пӯшидани он даст кашиданӣ нест. Мо бо зан дар тамос шуда, ӯ худро Наргис Қурбонова муаррифӣ кард ва изҳор дошт, ки дар маҳаллаи […]

Зани сокини шаҳри Хуҷанд, ки имрӯз аз ҷониби кормандони милитсия барои ҳиҷобпӯшӣ боздошт шуда буд, айни замон дар хонааш қарор дорад. Ӯ ҳиҷобро накашида, изҳор доштааст, ки дар ҳама гуна ҳолат аз пӯшидани он даст кашиданӣ нест.

Мо бо зан дар тамос шуда, ӯ худро Наргис Қурбонова муаррифӣ кард ва изҳор дошт, ки дар маҳаллаи 20-уми шаҳри Хуҷанд зиндагӣ дорад.

«Субҳи имрӯз ду корманди милитсия бидуни огаҳӣ ба хонаи ман зада даромаданд, ки яке аз онҳо нозири минтақавӣ буда, боре аз ман талаб карда буд, ки тибқи қонун ҳиҷобамро кашам. Ман он вақт посух дода будам, ки дар қонунгузорӣ ин муқаррарот вуҷуд надорад ва ман ҳеҷ гоҳ ҳиҷобамро намекашам, чунки ин тасмими ман ва фармудаи Аллоҳ аст. Он замон ӯ рафт, вале имрӯз бо кадом як корманди ношиноси милитсия омада, ба ҳақорату дашноми ман пардохтанд ва маҷбур карданд, ки бо писарам ба шуъбаи милитсия равем. Ҳамчунин таҳдид карданд, ки зиндонӣ мекунанд», – мегӯяд зан.

Наргис Қурбонова дар идома қайд кард, ки қаблан ба ҳайси омӯзгори забони англисӣ дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд кор мекард ва чор сол қабл, вақте ки ба пӯшидани ҳиҷоб пардохт, маҷбур шудааст, ки аз кор рафта, хонанишин шавад.

Ба гуфтаи зан, баъди занг задани ӯ нахуст ба хати фаъоли ВКД ва сипас ба хати фаъоли Раёсати ВКД дар вилоят, ба қитъаи минтақавии милитсия гурӯҳи задамал иборат аз 4 нафар ва як подполковник аз ВКД-и шаҳр расида омадаанд.

«Аз ман дархост карданд, ки дар бораи ҳодисаи рухдода ариза нависам ва ҳамон подполковник гуфт, ки ба он расидагӣ мекунад. Ҳамроҳи ӯ се нафар бо либоси мулкӣ – ду зан ва як мард аз ҳукуматӣ маҳаллӣ омада буданд. Баъди навиштани ариза маро дар мавриди ҳолатҳои ҳодиса бозпурсӣ карда, ба хонаам ҷавоб доданд», – хабар дод зан тариқи телефон.

Ӯ ҳамчунин иттилоъ дод, ки «аз одмаон шунидааст, ки имрӯз дар бозори Панҷшанбе низ занони сатрпӯшро шикору боздошт кардаанд.

«Намедонам минбаъд чӣ гуна зиндагӣ кунам.Чанде пеш ҳамсояҳо мо, ки ҳамаи духтаронашон сатрпӯш буданд, ба ин гуна фишор тоб наоварда, якумрӣ барои зиндагӣ ба Русия кӯч бастанд», – илова кард Наргис.

Дар ВКД Тоҷикистон ба «Азия-Плюс» дар ин роита иттилоъ доданд, ки таҳқиқи ҳодисаи мазкур идома дорад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.