Камбуди сӯзишвории авиатсионӣ дар Қазоқистон. Таъсираш ба Тоҷикистон чӣ гуна хоҳад буд?

Камбуди сӯзишвории реактивӣ дар Русия ва Қазоқистон ба боздошта шудани парвози ҳавопаймоҳо тариқи хатсайрҳои мунтазам дар Тоҷикистон боис шуда метавонад. Авиакеросин ба Тоҷикистон асосан аз Русия оварда мешавад. Гузашта аз ин, дар робита ба камбуди ин навъи сӯзишворӣ дар фурудгоҳҳои Тоҷикистон, ширкатҳои ҳавопаймоӣ маҷбуранд, ки дар шаҳрҳои Қазоқистон фуруд омада, сӯзишворӣ гиранд. Дар ҳамин ҳол, […]

Камбуди сӯзишвории реактивӣ дар Русия ва Қазоқистон ба боздошта шудани парвози ҳавопаймоҳо тариқи хатсайрҳои мунтазам дар Тоҷикистон боис шуда метавонад.

Авиакеросин ба Тоҷикистон асосан аз Русия оварда мешавад. Гузашта аз ин, дар робита ба камбуди ин навъи сӯзишворӣ дар фурудгоҳҳои Тоҷикистон, ширкатҳои ҳавопаймоӣ маҷбуранд, ки дар шаҳрҳои Қазоқистон фуруд омада, сӯзишворӣ гиранд.

Дар ҳамин ҳол, дар Қазоқистон низ вазъ дар ин самт ба мушкилӣ печидааст. Ширкати Air Astana изҳор доштааст, ки бинобар сабаби қатъи интиқоли авиакеросин аз Русия ва ба наздикӣ мутаваққиф шудани фаъолияти корхонаи коркарди нафти Чимкент, таъмини парвози ҳавопаймоҳо тавассути хатсайрҳои мунтазам дар Қазоқистон душвор шудааст.

Аз ҶСК «Ширкати таъминоти сӯзишворӣ», ки дар Тоҷикистон ягона ширкати дорои ҳуқуқи таъминот бо сӯзишвории ҳавопаймоҳо аст, иттилоъ доданд, ки айни замон оид ба дастрасӣ ба сӯзишвории авиатсионӣ аз Русия ҳеҷ мушкилие надошта, ин навъи сӯзишвориро мувофиқи пешпардохт аз Русия мегиранд.

Дар ҳамин ҳол, эътироф намуданд, ки нимаи дуюми имсол ширкат маҷбур шуд, ки интиқоли сӯзишвориро аз 3,5 ҳазор то 2 ҳазор тонна дар як моҳ коҳиш бидиҳад, зеро ширкатҳои тоҷикистонӣ ба пардохти пурраи маблағи сӯзишвории гирифтаашон имкон надоранд ва дар навбати худ, онҳо ҳаҷми зарурии сӯзишвориро аз Русия дастрас карда наметавонанд.

Зимнан зикр гардид, ки мувофиқи имкон агар сӯзишворӣ кифоя бошад, ҳавопаймоҳои ширкатҳо бидуни ҳеҷ мушкилие бо он таъмин карда мешаванд.

Ҳавопаймоҳои ширкатҳои тоҷикистонӣ то ҳанӯз ҳангоми иҷрои парвозҳо ба самтҳои дур ба нишасти маҷбурӣ дар фурудгоҳҳои Қазоқистон барои пур кардани норасоии сӯзишворӣ идома медиҳанд.

Дар ширкати «Сомон Эйр» гуфтанд, то ҳол нишасти ҳавопаймоҳои онҳо барои пур кардани норасоии сӯзишворӣ идома дошта, вале аз шарҳи вазъ доир ба дастрасии авиакеросин дар фурудгоҳҳои Қазоқистон худдорӣ карданд.

Қаблан аввали моҳи сентябр «Сомон Эйр» расман эълом дошта буд, ки бинобар сабаби пур кардани норасоии сӯзишворӣ дар фурудгоҳҳои кишварҳи ҳамсоя, вақти парвози ҳавопаймоҳои ин ширкат як соат бештар мешавад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.