Нигаронии муфтии Маскав аз гаравиши муҳоҷирони тоҷик ба тундгароӣ

Муфтии Маскав Албир Крганов дар бораи хатари ба тундгароӣ гаравидани муҳоҷирони тоҷики муқими Русия бинобар сабаби ташкили гурӯҳи нави террористӣ дар марзҳои Тоҷикистону Туркманистон ва Афғонистон изҳори назар кардааст. Дар ин бора РИА Новости хабар медиҳад. «Мутаассифона, мо ба тундгароӣ гаравидани муҳоҷиронро мушоҳида дорем. Ба ин як қатор сабабҳо ҳастанд, аз ҷумла, албатта, ҷалби шаҳрвандон […]

Муфтии Маскав Албир Крганов дар бораи хатари ба тундгароӣ гаравидани муҳоҷирони тоҷики муқими Русия бинобар сабаби ташкили гурӯҳи нави террористӣ дар марзҳои Тоҷикистону Туркманистон ва Афғонистон изҳори назар кардааст. Дар ин бора РИА Новости хабар медиҳад.

«Мутаассифона, мо ба тундгароӣ гаравидани муҳоҷиронро мушоҳида дорем. Ба ин як қатор сабабҳо ҳастанд, аз ҷумла, албатта, ҷалби шаҳрвандон аз ҷониби ифротгароён. Ин оммаи хеле осебпазир аст», – гуфтааст Крганов рӯзи душанбеи ҳамин ҳафта зимни нишасти хабарӣ дар хабаргузории  «Россия сегодня».

Ба гуфтаи ӯ, дар ин робита муфтиёти Русия бо Ӯзбекистон дар ин самт ҷиддӣ ҳамкорӣ дошта, бо онҳо созишнома ба имзо расидааст ва ҷониби Ӯзбекистон байни шаҳрвандонаш корҳои пешгирӣ аз терроризму ифротгароиро роҳандозӣ кардааст.

«Тоҷикистон паҳлӯи дигари масъала буда, аз ин кишвар дар Русия муҳоҷирон зиёданд,- иброз доштааст ӯ. – Айни замон дар марзҳои Тоҷикистону Туркманистон ва Афғонистон гурӯҳи нави бузурги ифротгарои «Хуросон» бо шумори якчанд ҳазор ташкил ёфта, бо назардошти нозукии марзҳои Тоҷикистону Афғонистон, хатари ҳамроҳ шудани ифротгароён бо тоҷикони муқими Русия вуҷуд дорад ва дар ин самт мо кӯшиш дорем, ки бо муфтияти Тоҷикистон ва дигар сохторҳо масъаларо баррасӣ намоем».

Ӯ илова кардааст, ки мутаассифона, алҳол мусалмонони Русия аз ҷониби Тоҷикистон доир ба ин масъала ҳусни тафоҳумро намебинанд: «он ба тавре нест, ки талаб мешавад».

«Ин ҷо кор мебояд кард ва дар навбати аввал ин ҷо бояд худи онҳо манфиатдор бошанд. Мо ба гаравиши муҳоҷирон ба тундгароӣ манфиатдор нестем, зеро ин пеш аз ҳама, амнияти кишвари мост ва онҳо бояд инро бифаҳманд. Ҳам ташкилотҳои миллӣ ва ҳам сафорат, ки фаъолият доранд, бояд дар ин самт мушаххастар кор кунанд. Алҳол мо чунин корро намебинем», – қайд кардааст номбурда.

Нашрия менависад, ӯ аз эҳтимол дур надонистааст, ки гурӯҳи «Хуросон» созмони террористии «Давлати исломӣ»-ро иваз карда метавонад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.