Нахустин конгресси миллии маъюбон дар Душанбе

Дар Маркази исоилияи шаҳри Душанбе муддати ду рӯз нахустин конгресси миллии маъюбони Тоҷикистон доир гардид. Зимни суханронӣ дар ин чорабинӣ роҳбари Ассостсиатсияи милии маъюбони Тоҷикистон Асадулло Зикрихудоев изҳор намуд, ки маъюбон ҳамроҳи дигар намоянагони қишроҳои ҷомеа дар рушди кишвар саҳм гузоштанианд. «Дар ҳар як нафари ин ҷо ҳузурдошта ман сармояи бузурги зарурии корӣ барои Тоҷикистонро […]

Дар Маркази исоилияи шаҳри Душанбе муддати ду рӯз нахустин конгресси миллии маъюбони Тоҷикистон доир гардид.

Зимни суханронӣ дар ин чорабинӣ роҳбари Ассостсиатсияи милии маъюбони Тоҷикистон Асадулло Зикрихудоев изҳор намуд, ки маъюбон ҳамроҳи дигар намоянагони қишроҳои ҷомеа дар рушди кишвар саҳм гузоштанианд.

«Дар ҳар як нафари ин ҷо ҳузурдошта ман сармояи бузурги зарурии корӣ барои Тоҷикистонро мебинам ва бовар дорам, ки аз он истифода хоҳад шуд», – иброз дошт ӯ.

Намояндаи САҲА Скот Кирин низ қисмати муҳим ва зарурии ҷомеа будани шахсони имконияташон маҳдудро таъкид дошта, зикр кард, ки «онҳо барои ҷомеа заруранд ва ба туфайли имконоти онҳо ҷомеа ғанитар мегардад. «Умедворам, ки нахустин конгресии маъюбон ба ин раванд ҳусни оғоз мебахшад»,- қайд кард номбурда.

Дар кори конгресс 70 намоянда аз шаҳру навоҳии кишвар, асосан ҷавонону афроди фаъол ширкат варзида, қобилияту истеъдоди худро намоиш доданд.

Иштирокчиёни конгресс аз мушкилоти ҷойдошта низ, аз ҷумла зимни сохтмони биноҳо ба инобат агирифтани талаботи онҳо, вазъи роҳҳо, ки аробаашон бар асари он тез-тез аз кор мебарояд, масъалаи савор шудан ба нақлиёти ҷамъиятӣ, мушкили дарёфти ҷойи корӣ ва ғайра табодули назар карданд.

Қобили зикр аст, ки айни замон дар Тоҷикистон наздики 150 ҳазор нафар шахсони имконияташон маҳдуд, аз ҷумла 26 ҳазор нафар кӯдакон ба қайд гирифта шудаанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.