Soufan Group: 1300 нафар тоҷикистониён дар сафҳои ДИ меҷанганд

Дар гузориши гурӯҳи мушовирони амрикоии Soufan Center (SC) қайд мешавад, ки дар Ироқу Сурия 1300 нафар ҷангиён аз Тоҷикистон ҳузур дошта, боз қариб 3 ҳазор нафар аз Туркия боздошт ё ба ватан фиристода шудаанд ва дар ҳамин ҳол, 147 нафар тоҷикистониён ихтиёрӣ ба хонаҳояшон баргаштаанд. Қайд мешавад, ки дар маҷмӯъ аз кишварҳои Осиёи Марказӣ беш […]

Дар гузориши гурӯҳи мушовирони амрикоии Soufan Center (SC) қайд мешавад, ки дар Ироқу Сурия 1300 нафар ҷангиён аз Тоҷикистон ҳузур дошта, боз қариб 3 ҳазор нафар аз Туркия боздошт ё ба ватан фиристода шудаанд ва дар ҳамин ҳол, 147 нафар тоҷикистониён ихтиёрӣ ба хонаҳояшон баргаштаанд.

Қайд мешавад, ки дар маҷмӯъ аз кишварҳои Осиёи Марказӣ беш аз 4,2 ҳазор нафар барои ҷангидан ба Ироқу Сурия рафта, ин шумор аз Ӯзбекистон – 1500 нафар, аз Қазоқистону Қирғизистон – 500 нафарӣ ва аз Туркманистон – 400 нафарро ташкил медиҳад.

Гуфта мешавад, баъди аз даст додани қисмате аз қаламрави Сурия ва Ироқ ҳадди ақал 5600 нафар ҷангиён аз 33 кишвари ҷаҳон ба ватан баргаштаанд, ки барои мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишварҳо «таҳдиду хатари ҷиддӣ» эҷод мекунад.

Дар гузориш маълумот оид ба шумори ҷангиён аз 53 кишвари ҷаҳон мавриди таҳлил қарор гирифта, тибқи ҳисобу китоби муаллифон, дар сафҳои Давлати исломӣ ҳудуди 40 ҳазор нафар аз беш аз 110 кишвар меҷанганд, ки шумори бештарашон аз Русия – 3417 нафар мебошанд.

Зинаи дуюм аз рӯи шумор дар сафҳои ДИ-ро шаҳрвандони Арабистони Саудӣ – 3224 нафар ишғол карда, ба панҷгона Урдун – 3 ҳазор нафар, Тунис – 2926 нафар ва Фаронса – 1910 нафар низ шомиланд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.