Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, обуҳаво

АНОНС – Дар меҳмонхонаи «Hyatt Regency Dushanbe» Конфронси 16-уми вазирони барномаи Ҳамкории иқтисодии минтақавии Осиёи Марказӣ (ЦАРЭС) доир мегардад. Оғоз соати 09:00. Аз рӯи натиҷапҳои он нишасти хабарии муштараки президенти Бонки осиёгии рушд Такехико Накао ва вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Неъматулло Ҳикматуллозода барпо мешавад. Оғоз соати 16:00. ҚУРБИ АСЪОР Қурби асъор нисбат ба […]

АНОНС

– Дар меҳмонхонаи «Hyatt Regency Dushanbe» Конфронси 16-уми вазирони барномаи Ҳамкории иқтисодии минтақавии Осиёи Марказӣ (ЦАРЭС) доир мегардад. Оғоз соати 09:00. Аз рӯи натиҷапҳои он нишасти хабарии муштараки президенти Бонки осиёгии рушд Такехико Накао ва вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Неъматулло Ҳикматуллозода барпо мешавад. Оғоз соати 16:00.

ҚУРБИ АСЪОР

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА –  8.8037 сомонӣ;

1 евро – 10.3514 сомонӣ;

1 рубли русӣ – 0.1494 сомонӣ.  

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

1932 – Дар ҳайати ВМКБ ноҳияҳои Ишкошим, Мурғоб, Рӯшон ва Шуғнон таъсис дода шуданд.

2004 – Ҳайати мушовараи Суди олӣ роҳбари ширкати «Ҷамол ва Ко» Ҷ.Сиёевро ба 20 соли зиндон маҳкум кард.

2011 — Маросими расмии мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани хатти интиқоли барқи 220 кВ Сангтӯда-Пули Хумрӣ баргузор шуд.

2012 — Бо иштироки президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон маросими расмии ба истифода додани нақби «Шаҳристон» доир гардид.

1939 – Зодрӯзи доктори улуми физикаву математика, профессор Исмоилҷон Исмоилов.

1964 – Мавлуди раққоса Хайринисо Файзуллоева.

1965 – Зодрӯзи олими соҳаи тиб Акбар Зарифов.

ВАЗЪИ ОБУҲАВО

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +6+11, рӯзона +20+25, дар доманакӯҳҳо шабона -1+4, рӯзона +14+19.

Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +6+11, рӯзона +26+31; дар доманакӯҳҳо шабона +3+8, рӯзона +20+25.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбандаи бебориш.  

Ҳарорат: дар ғарб шабона -2+3, рӯзона +17+22; дар шарқ шабона -10-15, рӯзона +3+8.

Дар Ноҳияҳои тобеи марказ  — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +2+7, рӯзона +23+28; дар доманакӯҳҳо шабона -2+3, рӯзона +17+22. 

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +4+6, рӯзона +26+28.

Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +8+10, рӯзона +22+24.

Дар шаҳри Қӯрғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +6+8, рӯзона +28+30.  

Дар шаҳри Хоруғ — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона -1+1, рӯзона +18+20.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.