«Байни Ӯзбекистону Туркия набояд раводид бошад» – Шавкат Мирзиёев

Президент Шавкат Мирзиёев гуфт, содда гаштани низоми дарёфти раводид (виза)-и Ӯзбекистон барои шаҳрвандони Туркия, ки чанд рӯз пеш аз сафари давлатиаш ба Анқара сурат гирифт, гоми нахустин дар роҳи наздикшавии ду кишвар аст. “Рӯзе мерасад, ки миёни мардуми дӯсту бародари мо дигар раводид нахоҳад буд. Барои ин ҳатман талош хоҳем кард. Имрӯзҳо мушоҳида мекунем, ки […]

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ

Президент Шавкат Мирзиёев гуфт, содда гаштани низоми дарёфти раводид (виза)-и Ӯзбекистон барои шаҳрвандони Туркия, ки чанд рӯз пеш аз сафари давлатиаш ба Анқара сурат гирифт, гоми нахустин дар роҳи наздикшавии ду кишвар аст.

“Рӯзе мерасад, ки миёни мардуми дӯсту бародари мо дигар раводид нахоҳад буд. Барои ин ҳатман талош хоҳем кард. Имрӯзҳо мушоҳида мекунем, ки чи гуна мо тайи ин 20 соли танаффус ҳамдигарро пазмон шудаем. Инро на аз суханон, балки аз нигоҳҳои ҳамдигар дарк мекунем”, – иқтибос овардаанд расонаҳо аз изҳороти Мирзиёев.

Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, президенти Ӯзбекистон афзуд, ки тайи 9 моҳи аввали соли равон ҳаҷми табодули мол миёни ду кишвар 30% афзудааст. “Вале ин хеле кам аст. Мо бояд нишондодҳои баландтаре дошта бошем ва на дар бораи 2-3 миллиард доллар, балки дар бораи 5-6 миллиард доллар суҳбат кунем”, – изҳор дошт Мирзиёев.

Дар нишасти хабарӣ маълум гашт, ки ширкати ҳавопаймоии Туркия аз 16 март парвозҳоро дар масири Истамбул-Самарқанд оғоз хоҳад кард. Ширкати “Ӯзбекистон ҳаво йӯлларӣ” дар ин масир аз 30 октябр парвозҳои мунтазамро ба роҳ мемонад. Миёни ду ширкат дар Анқара созишномаи ҳамкории стратегӣ имзо шудааст.

Мирзиёев хабар дод, ки қарор аст, дар ҳамоиши соҳибкорони ӯзбеку турк дар шаҳри Истамбул 35 санад ба маблағи 3,5 миллиард доллар имзо шавад. Президенти Туркия Раҷаб Эрдуғон сафари Мирзиёевро таърихӣ ва Ӯзбекистонро шарики стратегии кишвараш дар тамоми бахшҳо номид.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.