Кори маҷбурии қариб 400 ҳазор нафар кӯдакон дар Қирғизистон

Дар конфронси Созмони байнулмилалии меҳнат (СБМ) ва Федератсияи иттифоқҳои касабаи Қирғизистон дар Бишкек зикр шуд, ки 33,9% ё худ 397 ҳазору 407 нафар аз шумори умумии кӯдакони синни аз 5 то 14-солаи Қирғизистон кор мекунанд, ки ин нишондиҳандаи баландтарин миёни кишварҳои ИДМ аст, менависад kaktus.media. Тибқи маълумоти СБМ, ҳамагӣ дар саросари ҷаҳон 168 млн. нафар […]

Дар конфронси Созмони байнулмилалии меҳнат (СБМ) ва Федератсияи иттифоқҳои касабаи Қирғизистон дар Бишкек зикр шуд, ки 33,9% ё худ 397 ҳазору 407 нафар аз шумори умумии кӯдакони синни аз 5 то 14-солаи Қирғизистон кор мекунанд, ки ин нишондиҳандаи баландтарин миёни кишварҳои ИДМ аст, менависад kaktus.media.

Тибқи маълумоти СБМ, ҳамагӣ дар саросари ҷаҳон 168 млн. нафар кӯдакон машғули кор буда, 21 нафар одамони сайёра ба кори маҷбурӣ ҷалб шудаанд. 4 млн. 800 ҳазор нафар дар ғуломии шаҳвонӣ ва зиёда аз 4 млн. нафар дар ғуломии корӣ қарор доранд. Ин рақамҳо аз вазъи даҳшатноки поймолшавии ҳуқуқи инсон дар миқёси ҷаҳон гувоҳӣ медиҳанд.

Дар Тоҷикистон низ истифодаи меҳнати кӯдакон ҷой дошта, кӯдакон бештар ба боркашонӣ дар бозорҳову мошиншӯйӣ машғуланд, вале ба корҳои ҷиддӣ низ ҷалб карда мешаванд.

Сардори хадамоти давлатии назорат дар соҳаи кор, шуғл ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати меҳнати Тоҷикистон Наврӯз Абдулҳамид мегӯяд, ба онҳо ҳолатҳое маълуманд, ки кӯдакон дар истеҳсолоти вазнин, дар коргоҳҳои рехтагарӣ ва корхонаҳои хиштбарорӣ 12 соат бо маоши 300-500 сомонӣ дар як моҳ кор мекарданд.

Ғайр аз ин, дар минтақаҳои Тоҷикистон аксар вақт кӯдакон дар соҳаи кишоварзӣ, бахусус дар ҷамъоварии пахта ба кор ҷалб шуда, ҳарчанд 10 сол пеш президенти кишвар истифодаи меҳнати кӯдаконро манъ карда бошад ҳам, мактаббачагонро то ҳол дар саҳроҳо дидан мумкин аст.

Маъмулан раҳбарияти ноҳияҳо кори кӯдаконро кумаки ихтиёрӣ ба волидон маънидод мекунанд, гӯё онҳо дар вақти аз дарсҳо холӣ ба ин кор машғул мешаванд. Албатта ин тавр нест, зеро дар минтақаҳои кишвар мардон асосан дар Русия кор карда, баъзан ба ҷуз кӯдакон, дигар касе ҳам нест, ки кор кунад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.