БОР ба Тоҷикистон беш аз 280 млн. доллар ҷудо мекунад

Се соли наздик Бонки осиёгии рушд (БОР) ба Тоҷикистон беш аз 280 млн. доллар маблағ ҷудо мекунад. Дар ин бора президенти БОР Такехико Накао, ки бо сафари серӯзаи корӣ дар Тоҷикистон қарор дорад, изҳори назар кард. «БОР ба робитаҳои амиқ ва мустаҳкам бо Тоҷикистон арҷ гузошта, ба дастгирии афзалиятҳои рушди кишвар идома медиҳад, – овардааст […]

Се соли наздик Бонки осиёгии рушд (БОР) ба Тоҷикистон беш аз 280 млн. доллар маблағ ҷудо мекунад.

Дар ин бора президенти БОР Такехико Накао, ки бо сафари серӯзаи корӣ дар Тоҷикистон қарор дорад, изҳори назар кард.

«БОР ба робитаҳои амиқ ва мустаҳкам бо Тоҷикистон арҷ гузошта, ба дастгирии афзалиятҳои рушди кишвар идома медиҳад, – овардааст гуфтаҳои Накаоро намояндагии бонк дар ҶТ – Давоми солҳои 2018-2020 БОР барои мусоидат ба ислоҳот ва рушди зербинои бахши энергетика, беҳбуди вазъи идоракуниии захираҳои об ва хатарҳои офатҳои табиӣ, рушди шаҳрҳо, соҳаҳои тандурутӣ ва маориф, инчунин барқарор кардани долонҳои калидии нақлиёт ба Тоҷикистон беш аз 280 млн. доллар маблағ ҷудо карданист».

Таҳлилгарони БОР бар ин назаранд, ки нишондиҳандаҳои иқтисодии Тоҷикистон «сарфи назар аз муҳити душвори беруна, ки ба он ноустувории нархҳо ба молҳои асосӣ хос аст», босубот боқӣ мемонанд.

Бонк чанде пеш пешгӯии худ барои кишвар дар самти афзоиши то 5,0 фоиз дар соли 2017-ро бозбинӣ кард.

«Бо назардошти захираҳои бойи табиӣ, рушди зербино ва талоши ҳукумат дар роҳандозии ислоҳот, ки ба тавсеъаи нақши бахши хусусӣ дар иқтисод нигаронида шудааст, дурнамои миёнамуҳлати иқтисодии Тоҷикистон мусоид аст», – гуфтааст Накао.

Президенти БОР имрӯз бо Сарвари давлати Тоҷикистон дидору гуфтушунид карда, зимни сафари серӯза бо муовини аввали сарвазири ҷумҳурӣ Давлаталӣ Саид ва вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Неъматулло Ҳикматуллозода низ мулоқот кард.

Тоҷикистон соли 1998 ба БОР ҳамроҳ шуд. То имрӯз БОР барои Тоҷикистон дар ҳаҷми умумии беш аз 1,5 млрд. доллар қарзҳои имтиёзноку грант ва кумаки техникиро маъқул шуморидааст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.