Президент ба корҳои беҳбуди вазъи роҳи Душанбе – Қӯрғонтеппа оғоз бахшид

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз бо лоиҳаи таҷдид ва азнавсозии роҳи мошингарди “Душанбе – Қӯрғонтеппа” шинос шуда, барои оғози корҳои сохтмонӣ асос гузошт. Бино ба иттилои хадамои матбуоти сарвари давлат, ба Президенти мамлакат иттилоъ доданд, ки марҳилаи аввали лоиҳа 33,2 километрро дар бар гирифта, дар натиҷаи амалӣ гаштани он, роҳ аз категорияи “III“-юм ба категорияи […]

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз бо лоиҳаи таҷдид ва азнавсозии роҳи мошингарди “Душанбе – Қӯрғонтеппа” шинос шуда, барои оғози корҳои сохтмонӣ асос гузошт.

Бино ба иттилои хадамои матбуоти сарвари давлат, ба Президенти мамлакат иттилоъ доданд, ки марҳилаи аввали лоиҳа 33,2 километрро дар бар гирифта, дар натиҷаи амалӣ гаштани он, роҳ аз категорияи “III“-юм ба категорияи “1-Б” гузаронида мешавад ва паҳноии он аз 16 то 25 метрро ташкил медиҳад.

Гуфта мешавад, тибқи лоиҳа роҳ бо харҷи наздики 97 миллион доллар маблағҳои грантӣ ва қарзии Бонки Осиёии Рушд, Фонди ОПЕК ва беш аз 17 миллион доллар саҳми Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд мешавад.

Фармоишгар Вазорати нақлиёти Тоҷикистон, машваратчии байналмилалӣ Ширкати машваратии “КОКС”-и Олмон, машваратчии маҳаллӣ Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Автострада” ва пудратчӣ Корпоратсияи сохтмони роҳҳо ва купрукҳо “Синдзян Бейсин” мебошад.

Муҳлати сохтмон 3 сол муайян шуда, он бояд то моҳи октябри соли 2020 – ум мутобиқ ба талаботи меъёрҳои байналмилалии роҳсозӣ бунёд шавад.

Тибқи нақша дар рафти таҷдид ва азнавсозӣ сохтмони 4 пул, 69 қубур ва васеъ кардани роҳ дар назар дошта шуда, он аз ду самти ҳаракат ба чор адад расонида мешавад. Ҳамчунин дар минтақаҳои аҳолинишин дар доираи лоиҳа чароғонкунии ду тарафи роҳ дар назар дошта шудааст.

Эмомалӣ Раҳмон баъди шиносоӣ бо лоиҳаи таҷдид ва азнавсозии роҳ ба масъулини Вазорати нақлиёт дустур дод, ки дар вақти татбиқи он мутахассисони соҳибтаҷриба ҷалб шуда, ба сифати корҳои сохтмонӣ аҳамияти махсус диҳанд. Роҳ бояд ба стандартҳои ҷаҳонӣ мутобиқ карда шуда, тамоми қоидаҳои роҳсозӣ риоя карда шавад. Инчунин ба масъалаи ободонии канори шоҳроҳ ҳангоми иҷрои корҳо низ дастур дода шуд.

Мавриди зикр аст, ки шоҳроҳи “Душанбе-Қӯрғонтеппа” пойтахтро бо маркази вилояти Хатлон ва ноҳияҳои он ва Тоҷикистонро бо Афғонистону Покистон пайваст намуда, дорои аҳамияти байналмилалӣ мебошад. Бунёду азнавсозии роҳ барои баромадан аз бунбасти коммуникатсионии кишвар аҳамияти муҳиму стратегӣ дорад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.