Дар ИМА Русияро бузургтарин «содиркунанда»-и ҷангиён ба ДИ номиданд

Гурӯҳи мушовирони амрикоии Soufan Center (SC) дар гузориши ахири худ Русияро бузургтарин кишвари содиркунандаи зархаридони хориҷӣ ба сафи гуруҳи даҳшатафкани “Давлати исломӣ” (ДИ) номидааст. Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ бо истинод ба хабаргузории РБК, дар гузориши гуруҳ қайд шуда, ки дар ҳоли ҳозир, ба ҷонибдорӣ аз ДИ 3 ҳазору 417 шаҳрванди Русия […]

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ

Гурӯҳи мушовирони амрикоии Soufan Center (SC) дар гузориши ахири худ Русияро бузургтарин кишвари содиркунандаи зархаридони хориҷӣ ба сафи гуруҳи даҳшатафкани “Давлати исломӣ” (ДИ) номидааст.

Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ бо истинод ба хабаргузории РБК, дар гузориши гуруҳ қайд шуда, ки дар ҳоли ҳозир, ба ҷонибдорӣ аз ДИ 3 ҳазору 417 шаҳрванди Русия меҷанганд.

Дар раддабандии SC Арабистони Саудӣ (3224 нафар) дар мақоми дувум ва Урдун (3000 нафар) дар ҷойи севум қарор доранд. Ҷойи чаҳорумро Фаронса ва Тунис соҳиб шудаанд.

Ба гуфтаи коршиносон, мақомоти ин кишварҳоро бозгашти ҳамватанонашон аз Ироқу Сурия бояд нигарон кунад. Коршиносон ҳушдор додаанд, ки бозгашти ҷангиён ба ватан эҳтимол дорад, шумори амалҳои террористиро дар ин кишварҳо афзоиш диҳад.

Гуфта мешавад, ба ҳисоби SC, аз сафи ДИ то ба ҳол ба Русия 400 нафар, ба Арабистони Саудӣ 760 нафар, Урдун 250 нафар, Фаронса 271 нафар ва ба Тунис 800 нафар бозгаштаанд.

Президенти Русия  Владимир Путин моҳи феврали соли равон гуфт, ба ҷонибдорӣ аз ДИ дар Сурия ҳудуди 4 ҳазор шаҳрванди Русия ва наздики 5 ҳазор зодаи кишварҳои пасошӯравӣ меҷанганд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.