Иҷрои нақшаи ҷамъоварии пахта бори нахуст тайи чанд соли охир

Кишоварзони Тоҷикистон нақшаи ҷамъоварии ҳосили пахтаро барзиёд иҷро карданд. Тавре Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ хабар медиҳад, ба санаи 23 октябр дар ҷумҳурӣ беш аз 356 азор тонна ҳосили пунбадона ҷамъоварӣ шудааст, ки аз нақша 0,7% ва қариб 120 ҳазор тонна зиёдтар нисбат ба ҳосили соли гузашта мебошад. «Бо мусоид омадани боду ҳавои имсола ва риоя намудани […]

Кишоварзони Тоҷикистон нақшаи ҷамъоварии ҳосили пахтаро барзиёд иҷро карданд.

Тавре Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ хабар медиҳад, ба санаи 23 октябр дар ҷумҳурӣ беш аз 356 азор тонна ҳосили пунбадона ҷамъоварӣ шудааст, ки аз нақша 0,7% ва қариб 120 ҳазор тонна зиёдтар нисбат ба ҳосили соли гузашта мебошад.

«Бо мусоид омадани боду ҳавои имсола ва риоя намудани агратехникаи парвариши пахта, кишоварзон тавонистанд ҳосилнокии майдонҳои пахтазорро дар ҷумҳурӣ дучанд гардонида, аз он ҳосили дилхоҳ ба даст биёранд», – омадааст дар маълумоти Вазорат.

Гуфта мешавад, имрӯзҳо дар пахтазорҳои ҷумҳурӣ ҷамъоварии ҳосили пахта бомаром идома дошта, кишоварзони ҷумҳурӣ баҳри беталаф ҷамъоварӣ намудани тиллои сафед аз тамоми воситаю имкониятҳо сари вақт ва самаранок истифода намуда истоданд.

Бино ба иттилои манбаъ, дурнамои ҷамъоварии ҳосили пахта дар вилояти Суғд 102,4%, вилояти Хатлон 100%, ва дар НТҶ 102,4% иҷро карда шуд. Дар ҷамъоварии ҳосили имсола деҳқонони шаҳри Турсунзода (нақша 17% барзиёд иҷро шуд) ва ноҳияҳои Шаҳринав (16,8% барзиёд) ва Данғара (16,6% барзиёд) натиҷаҳои бештар назаррас ба даст оварданд.

Ёдрас мекунем, ки соли гузашта дар Тоҷикистон ҳудуди 315 ҳазор тонна ҳосили пахта ҷамъоварӣ шуд, ки наздики 90%-и иҷрои нақшаро ташкил дод ва ин ҳаҷм аз ҳосили тирамоҳи соли 2015 қариб 40 ҳазор тонна зиёдтар буд. Он замон ҷамъоварии 390 ҳазор тонна пахта ба нақша гирифта шуда, вале ҳамагӣ 270 ҳазор тонна ҳосили пунбадона ҷамъоварӣ шуда буд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.