Раҳмонобод тариқи хати интиқоли барқи муосир бо НБО «Хоруғ» пайваст шуд

Ширкати «Помир энержи» дар ноҳияи Шуғнон хати  интиқоли барқи нав сохт, ки масофааш наздики 14 километрро ташкил медиҳад. Хати интиқоли барқи пешина дар ин ҷо бар асари селфароӣ дар деҳаи Барсем тбистони соли 2015 вайрон шуда буд. Хати нави интиқоли барқи 110 кВ бо дастгирии Фонди PATRIP (ҳукумати Олмон) ва ҳукумати Тоҷикистон бунёд шуд. Хати […]

Ширкати «Помир энержи» дар ноҳияи Шуғнон хати  интиқоли барқи нав сохт, ки масофааш наздики 14 километрро ташкил медиҳад. Хати интиқоли барқи пешина дар ин ҷо бар асари селфароӣ дар деҳаи Барсем тбистони соли 2015 вайрон шуда буд.

Хати нави интиқоли барқи 110 кВ бо дастгирии Фонди PATRIP (ҳукумати Олмон) ва ҳукумати Тоҷикистон бунёд шуд.

Хати интиқоли барқи масофааш 13,8 километр бо поячӯбҳои металлӣ шаҳраки Раҳмонободро бо мавзеи Ханев – қитъаи байни НБО «Помир-1» ва НБО «Хоруғ» пайваст мекунад.

«Бо ин хат ба ҳудуди 30 ҳазор хонавода (тақрибан 174 ҳазор нафар) дар Тоҷикистони Шарқӣ ва беш аз 3,3 ҳазор хонавода (32 ҳазор нафар) дар шимоли Афғонистон, ҳамчунин ба бисёр корхонаву мактабҳо ва марказҳои тиббӣ нерӯи барқ интиқол дода мешавад», – хабар доданд ба «Азия-Плюс» аз хадамоти матбуоти «Помир Энержи».

Маросими ба истифода додани хати нави интиқоли барқ ҳафтаи гузашта бо иштироки раҳбарияти ВМКБ, намояндагони ҳукумати Олмон ва Бунёди Оғохон доир гардид.

Ёдрас мекунем, ки рӯзҳои 15-16 июни соли 2015 дар ҷамоати деҳоти Сучони ноҳияи Шуғнон сел омада, бар асари он 82 оилаи деҳаи Барсем бесарпаноҳ монданд. Барои ин оилаҳо шаҳракаи Раҳмонобод сохта шуд, ки ба ифтихори Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон чунин номгузорӣ шудааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.